https://sputnik.tj/20211019/izhorot-erdughon-gholiboni-jang-1042959170.html
Танини изҳороти Эрдуғон дар бораи кишварҳои пурқудрат
Танини изҳороти Эрдуғон дар бораи кишварҳои пурқудрат
Sputnik Тоҷикистон
Раҷаб Таййиб Эрдуғон Эрдуғон гуфт, Шӯрои Амнияти Созмони Милал ҳаққи ҳал кардани сарнавишти инсониятро надорад
2021-10-19T11:40+0500
2021-10-19T11:40+0500
2021-10-19T12:52+0500
туркия
раҷаб тайиб эрдуғон
ҷбв
изҳорот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0c/1032607570_0:0:2988:1682_1920x0_80_0_0_0a55d8de784bf67f6ae4feb000396b50.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Раисиҷумҳури Туркия гуфт, кишварҳои пирӯз дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ки аъзои ин шӯро мебошанд, набояд сарнавишти инсониятро муайян кунанд. Ин ақидаро сиёсатмадор ҳангоми боздид аз Ангола изҳор дошт. Навори ин суханронӣ аз тариқи саҳифаи раҳбари Туркия дар "Ютуб" пахш шуд. Ба қавли сиёсатмадор, сарнавишти инсоният набояд ба дасти чанд кишвар - ғолибони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ гузошта шавад. Вай афзуд, ки ҷаҳон тағйир меёбад, дипломатия, тиҷорат, муносибатҳои байналмилалӣ дигаргуниҳои куллиро аз сар мегузаронанд ва аз ин рӯ "тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки меъмории амнияти ҷаҳонӣ бетағйир боқӣ монад". Президенти Туркия таъкид кард, ки дар ҷаҳон беш аз 200 кишвар арзи вуҷуд дорад, на панҷ кишваре, ки узви доимии Шӯрои амнияти СММ мебошанд. Қаблан Эрдуғон харитаи роҳеро пешниҳод карда буд, ки барои "маҳдуд" кардани ҳуқуқи аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ ва тавсеаи ҳуқуқи аъзои дигари он созмон пешбинӣ мегашт.Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли ҷорӣ Дмитрий Полянский, муовини намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид изҳор дошт, ки Маскав мухолифи афзоиши шумори аъзои доимии Шӯрои Амнияти СММ аз ҳисоби кишварҳои Ғарб аст.Ба ақидаи ӯ, дар Шӯрои Амният чунин кишварҳо ба қадри кофӣ ҳастанд ва аз ин рӯ бояд ба вуруди кишварҳои рӯ ба тараққӣ таваҷҷуҳ кард.
https://sputnik.tj/20210930/charo-putin-erdughon-hamdigar-lozimand--1042587250.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0c/1032607570_257:0:2988:2048_1920x0_80_0_0_478d1b8d1f59be1633843be4b8d5bd4e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрдуғон, туркия, президент, изҳорот, сиёсат
эрдуғон, туркия, президент, изҳорот, сиёсат
Танини изҳороти Эрдуғон дар бораи кишварҳои пурқудрат
11:40 19.10.2021 (Навсозишуда: 12:52 19.10.2021) Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, Шӯрои амнияти Созмони Милал ҳаққи ҳал кардани сарнавишти инсониятро надорад
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Раисиҷумҳури Туркия гуфт, кишварҳои пирӯз дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ки аъзои ин шӯро мебошанд, набояд сарнавишти инсониятро муайян кунанд.
Ин ақидаро сиёсатмадор ҳангоми боздид аз Ангола изҳор дошт. Навори ин суханронӣ аз тариқи
саҳифаи раҳбари Туркия дар "Ютуб" пахш шуд.
Ба қавли сиёсатмадор, сарнавишти инсоният набояд ба дасти чанд кишвар - ғолибони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ гузошта шавад. Вай афзуд, ки ҷаҳон тағйир меёбад, дипломатия, тиҷорат, муносибатҳои байналмилалӣ дигаргуниҳои куллиро аз сар мегузаронанд ва аз ин рӯ "тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки меъмории амнияти ҷаҳонӣ бетағйир боқӣ монад".
"Сарфи назар кардани тағйирот маънои кӯшиши нигоҳ доштани вазъи мавҷудро, ки пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст, надорад", - изҳор дошт Эрдуғон.
Президенти Туркия таъкид кард, ки дар ҷаҳон беш аз 200 кишвар арзи вуҷуд дорад, на панҷ кишваре, ки узви доимии Шӯрои амнияти СММ мебошанд.
Қаблан Эрдуғон харитаи роҳеро пешниҳод карда буд, ки барои "маҳдуд" кардани ҳуқуқи аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ ва тавсеаи ҳуқуқи аъзои дигари он созмон пешбинӣ мегашт.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли ҷорӣ Дмитрий Полянский, муовини намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид изҳор дошт, ки Маскав мухолифи афзоиши шумори аъзои доимии Шӯрои Амнияти СММ аз ҳисоби кишварҳои Ғарб аст.
Ба ақидаи ӯ, дар Шӯрои Амният чунин кишварҳо ба қадри кофӣ ҳастанд ва аз ин рӯ бояд ба вуруди кишварҳои рӯ ба тараққӣ таваҷҷуҳ кард.