Барфу шамоли сахт: ҳавои Тоҷикистон то 23 октябр сарду номусоид мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе в снегу
Душанбе в снегу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Обуна шудан
Ҳавои Тоҷикистон барои 4 рӯзи оянда сарду номусоид мешавад
ДУ ШАНБЕ, 19 окт - Sputnik. Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз паст шудани ҳарорати ҳаво, бориши барфу борон ва вазиши сахти боду чангу ғубор дар чор рӯзи оянда ҳушдор медиҳад.
Тибқи гузориши ин ниҳод, рӯзҳои 21-22 октябр дар ҷумҳурӣ номусоид шудани обу ҳаво пешбинӣ шудааст.

"Боридани борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳ, гузариши борон ба барф дар назар аст", - омадааст дар хабар.

Дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Хатлон, Суғду ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин рӯзҳо бод бо суръати то 17-22 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои ҷанубии кишвар чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳамчунин дар ҳавзаи дарёҳои Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон, Ёхсӯ ва Қизилсӯ (ҷанубӣ) баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.
Тибқи пешгӯии Ожонсии ҳавошиносӣ, рӯзҳои 22-23-юми октябр ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 7-12 дараҷа поин меравад.
Лентаи хабарҳо
0