https://sputnik.tj/20211019/covid-19-zukom-buruz-1042961614.html
Пизишк: COVID-19 ҳамчун зуком буруз кардааст
Пизишк: COVID-19 ҳамчун зуком буруз кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Номзади илмҳои тиб Евгений Тимаков дар бораи тағйирот дар хосиятҳои коронавирус сухан гуфт
2021-10-19T13:30+0500
2021-10-19T13:30+0500
2021-10-19T13:32+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
пизишк
вируси нав
коронавирус
бемор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/07/1031696393_0:15:1080:623_1920x0_80_0_0_713bc01bec8f9d7f0934c6e97048c0b7.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Коронавирус имрӯз монеаҳои масуниятро шикаста убур мекунад, гуфт дар суҳбат бо шабакаи "YouTube" -и Sputnik, номзади илмҳои тиб Евгений Тимаков.Ба гуфтаи ӯ, ба паҳншавии сирояти коронавирус дар марҳилаи аввал бояд монеа эҷод кард. Агар чунин нашавад, пас 20 фоизи гирифторон бемориро дар шакли шадид аз сар мегузаронанд ва дар бадтарин ҳолат онҳо ба марг мувоҷеҳ мешаванд.Ҳамзамон 80 фоизи беморон коронавирусро дар шакли сабуктар мегузаронанд. "Аммо марҳилаҳои аввал шинохтани COVID муҳим аст", - шарҳ дод пизишк. Вай таъкид кард, ки ҳамчун чораи пешгирии паҳншавии густурдаи коронавирус, ҳоло дар Маскав низоми озмоиши ройгони экспресс барои COVID-19 роҳандозӣ шудааст. Гузашта аз ин хориҷиёне, ки дар Русия доимӣ кор мекунанд, низ метавонанд аз нуқтаҳои санҷиши фаврӣ истифода кунанд. Санҷиши экспресс бо бимаи тиббӣ гузаронида мешавад.
https://sputnik.tj/20211014/sabab-nav-marg-koronavirus-1042850642.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/07/1031696393_0:0:1080:810_1920x0_80_0_0_99186a3408c26b815c8a2b286807155e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пизишк, covid - 19, зуком,
пизишк, covid - 19, зуком,
Пизишк: COVID-19 ҳамчун зуком буруз кардааст
13:30 19.10.2021 (Навсозишуда: 13:32 19.10.2021) Сироятшиноси рус, номзади илмҳои тиб Евгений Тимаков дар бораи тағйири хусусиятҳои коронавирус гуфт
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Коронавирус имрӯз монеаҳои масуниятро шикаста убур мекунад, гуфт дар суҳбат бо шабакаи "YouTube" -и Sputnik, номзади илмҳои тиб Евгений Тимаков.
"Вирус худро ҳамчун бемориҳои мавсимии анъанавӣ - шамолхӯрӣ ва зуком вонамуд мекунад. Вақте беморӣ мисли табларза ва осеби шадиди шуш зоҳир мешавад, табобаташ хеле душвор мешавад. Ин аст, ки сирояти коронавирус аксар вақт метавонад чунин сар шавад", - гуфт Тимаков.
Ба гуфтаи ӯ, ба паҳншавии сирояти коронавирус дар марҳилаи аввал бояд монеа эҷод кард.
Агар чунин нашавад, пас 20 фоизи гирифторон бемориро дар шакли шадид аз сар мегузаронанд ва дар бадтарин ҳолат онҳо ба марг мувоҷеҳ мешаванд.
Ҳамзамон 80 фоизи беморон коронавирусро дар шакли сабуктар мегузаронанд. "Аммо марҳилаҳои аввал шинохтани COVID муҳим аст", - шарҳ дод пизишк.
Вай таъкид кард, ки ҳамчун чораи пешгирии паҳншавии густурдаи коронавирус, ҳоло дар Маскав низоми озмоиши ройгони экспресс барои COVID-19 роҳандозӣ шудааст.
Гузашта аз ин хориҷиёне, ки дар Русия доимӣ кор мекунанд, низ метавонанд аз нуқтаҳои санҷиши фаврӣ истифода кунанд.
Санҷиши экспресс бо бимаи тиббӣ гузаронида мешавад.