https://sputnik.tj/20211018/tolibon-nabard-jabha-muqovimat-talafot-1042930436.html
"Толибон"* дар набардҳои шадид бо Ҷабҳаи муқовимат талафот дод
"Толибон"* дар набардҳои шадид бо Ҷабҳаи муқовимат талафот дод
Sputnik Тоҷикистон
Даргирӣ байни "Толибон" ва нерӯҳои муқовимат дар музофоти Бағлон, воқеъ дар ҳамсарҳадии ҷанубу шарқ бо Панҷшер сурат гирифт
2021-10-18T12:07+0500
2021-10-18T12:07+0500
2021-10-18T17:19+0500
ҷанг
панҷшер
талафот
гурӯҳи террористии "толибон"
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900214_0:161:3069:1887_1920x0_80_0_0_80b77a7646fe35d18d18b3b2dc706c95.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Ҷангҷӯёни "Толибон"* дар набардҳои шадид бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ талафот доданд, хабар медиҳад "Коммерсант". Даргириҳо дар навоҳии Пули Ҳисор ва Деҳсалоҳи музофоти Бағлон, ки дар ҷанубу шарқи ин вилоят ва наздик ба Панҷшер воқеъ аст, ба вуқуъ пайвастанд. Ба гуфтаи манобеъ, "Толибон"* дар ҷараёни набардҳо беш аз 60 нафарро аз даст дода, маҷбур ба ақибнишинӣ шудаанд.Далели задухӯрдро "Толибон"* расман тасдиқ карда, гуфтаанд, ки онҳо низ се муқовиматгарро аз байн бурдаанд.Қаблан хабар дода шуд, ки ду фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон дар даргирӣ бо ҷангиёни "Толибон"* дар минтақаи Андароби Бағлон кушта шуд.Вазъ дар АфғонистонВазъи низомӣ-сиёсии Афғонистон дар моҳи июн, дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Хусусан задухӯрдҳои шадид дар наздикии марзҳои Тоҷикистон ва Эрон сурат гирифт.Дар миёнаҳои моҳи август, пас аз он ки "Толибон" Кобулро ишғол карданд, Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон аз ин кишвар фирор кард. Пас аз он дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт, ки сарвараш Муҳаммад Ҳасан Охунд аст. Раҳбари "Толибон"* Ҳибатуллоҳ Охундзада раҳбари олии Афғонистон шуд.Панҷшер ягона вилоят буд, ки аз ҷониби ҷангиён назорат намешавад. Вилоят дар шимолу шарқи Кобул ҷойгир аст ва аз ҷиҳати аҳолӣ ва масоҳат хурдтарин вилоят дар Афғонистон аст. Дар авоили моҳи сентябр "Толибон"* аз ишғоли Панҷшер, охирин вилоят аз 34 вилояти Афғонистон хабар доданд, аммо Ҷабҳаи муқовимат гуфт, ки на ҳама минтақа таҳти назорати ин гурӯҳ аст ва муқовимат барои озодӣ идома дорад.Ёдовар мешавем, Афғонистон тайи беш аз ду моҳ аст, зери идораи "Толибон"* қарор дорад, аммо то ҳанӯз ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст.
https://sputnik.tj/20211017/jang-andarobho-kushta-farmondeh-jabha-muqovimat-tolib-1042916966.html
https://sputnik.tj/20211017/dargiri-tolibon-jabhai-muqovimat-panjsher-1042921791.html
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041900214_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_987666e600d1133939e7e0df6e8e1308.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"толибон"* набард ҷабҳа муқовимат талафот
"толибон"* набард ҷабҳа муқовимат талафот
"Толибон"* дар набардҳои шадид бо Ҷабҳаи муқовимат талафот дод
12:07 18.10.2021 (Навсозишуда: 17:19 18.10.2021) Даргирӣ байни "Толибон" ва нерӯҳои муқовимат дар музофоти Бағлон, воқеъ дар сарҳади ҷанубу шарқи ин вилоят бо Панҷшер сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Ҷангҷӯёни "Толибон"* дар набардҳои шадид бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ талафот доданд, хабар медиҳад "Коммерсант".
Даргириҳо дар навоҳии Пули Ҳисор ва Деҳсалоҳи музофоти Бағлон, ки дар ҷанубу шарқи ин вилоят ва наздик ба Панҷшер воқеъ аст, ба вуқуъ пайвастанд.
Ба гуфтаи манобеъ, "Толибон"* дар ҷараёни набардҳо беш аз 60 нафарро аз даст дода, маҷбур ба ақибнишинӣ шудаанд.
Далели задухӯрдро "Толибон"* расман тасдиқ карда, гуфтаанд, ки онҳо низ се муқовиматгарро аз байн бурдаанд.
Қаблан хабар дода шуд, ки ду фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон дар даргирӣ бо ҷангиёни "Толибон"* дар минтақаи Андароби Бағлон кушта шуд.
Вазъи низомӣ-сиёсии Афғонистон дар моҳи июн, дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Хусусан задухӯрдҳои шадид дар наздикии марзҳои Тоҷикистон ва Эрон сурат гирифт.
Дар миёнаҳои моҳи август, пас аз он ки "Толибон" Кобулро ишғол карданд, Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон аз ин кишвар фирор кард. Пас аз он дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт, ки сарвараш Муҳаммад Ҳасан Охунд аст. Раҳбари "Толибон"* Ҳибатуллоҳ Охундзада раҳбари олии Афғонистон шуд.
Панҷшер ягона вилоят буд, ки аз ҷониби ҷангиён назорат намешавад. Вилоят дар шимолу шарқи Кобул ҷойгир аст ва аз ҷиҳати аҳолӣ ва масоҳат хурдтарин вилоят дар Афғонистон аст. Дар авоили моҳи сентябр "Толибон"* аз ишғоли Панҷшер, охирин вилоят аз 34 вилояти Афғонистон хабар доданд, аммо Ҷабҳаи муқовимат гуфт, ки на ҳама минтақа таҳти назорати ин гурӯҳ аст ва муқовимат барои озодӣ идома дорад.
Ёдовар мешавем, Афғонистон тайи беш аз ду моҳ аст, зери идораи "Толибон"* қарор дорад, аммо то ҳанӯз ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст.