"Толибон"* хавфи ҳамлаи террористӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистонро арзёбӣ кард

© APБоевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Обуна шудан
Ҷангиён мегӯянд, иҷоза намедиҳанд, хоки Афғонистон барои ҳамла ба дигар кишвар истифода шавад
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Аъзои гурӯҳи "Толибон"*, ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардаанд, ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла карданӣ нестанд. Дар ин бора дар суҳбат бо "Lenta.ru" намояндаи ҷангҷӯён Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфтааст.
Ба гуфтаи ӯ, "Толибон"* намегузоранд, ки гурӯҳҳои террористӣ ба амнияти давлатҳои дигар аз Афғонистон таҳдид кунанд.
"Мо ба гурӯҳҳо ё афрод иҷоза намедиҳем, ки аз қаламрави Афғонистон бар зидди ягон кишвари дигар истифода кунанд", - гуфт Муҷоҳид.
Вай афзуд, ки намояндагони ҷунбиш ба ин масъала ҷиддӣ муносибат мекунанд ва ният доранд, ки ҳама гуна фаъолияти террористиро саркӯб кунанд.
Ҳамзамон Муҷоҳид мушаххас накард, ки "Толибон"* бар зидди гурӯҳҳои роҳзан чӣ гуна усулҳоро истифода хоҳанд бурд. Илова бар ин ӯ масъалаи имкони манъи фаъолияти "Ал-Қоида"*-ро дар Афғонистон нодида гирифт.
Ёдовар мешавем, ки пас аз сари қудрат омадани "Толибон"* ҳамлаҳои террористӣ дар марказҳои динӣ, ки аъзои "Давлати исломӣ" дар ин ҷумҳурӣ ташкил мекарданд бештар ба мушоҳида мерасид.

Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Амруллоҳ Солеҳ: Толибон бо ДИИШ робита доранд
"Толибон"* борҳо изҳор доштаанд, ки ба фаъолияти ДИИШ* дар Афғонистон иҷозат намедиҳанд. Онҳо ахиран шикори террористонро эълон карданд ва чанд узви ин гурӯҳро эъдом низ карданд.
Қаблан генерали амрикоӣ Марк Милли гуфта буд, ки "Толибон"* равобитро бо "Ал-Қоида"* қатъ накардаанд. Дар ин бора ноиби президенти пешини Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ низ гуфта буд.
Вай таъкид кард, ки "Ал-Қоида"* ва нерӯҳои мусаллаҳи Покистон аз "Толибон"* дар ишғоли вилояти Панҷшер пуштибонӣ мекунанд.
* - созмонҳои террористии мамнуъ дар Федератсияи Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0