Сомон аз миёни 281 ҷудокор ҷойи панҷумро аз худ кард

© Федерация дзюдо ТаджикистанаСомон Махмадбеков
Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Обуна шудан
Сомон Маҳмадбеков пас аз шикаст додани се рақиби худ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт, вале дар рақобат бо ҷудокорони фаронсавӣ ва руминиягӣ шикаст хӯрд
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Тоҷикистонро, ки дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Paris Grand Slam-2021" ягона варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ мекард, мақоми панҷумро аз худ кард.
Сомон дар вазни 73 кило миёни намояндагони 45 кишвари дунё маҳорати худро нишон дод. Ҷамъан дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 281 варзишгар иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Сомонпаҳлавон дар се давр бар варзишгарони Муғулистон (Уранбайар Одгерел), Испания (Ҷорҷе Гарсиа) ва Озарбойҷон (Ҳидоят Ҳайдаров) дастболо шуда, ба нимафинал роҳ ёфт.
Сомон Маҳмадбеков дар ҳузури раиси ВМКБ Ёдгор Файзов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2021
Хонаводаи Сомон Маҳмадбеков дар ВМКБ мактаби касбии ҷудо месозад
Дар даври ниманиҳоӣ Сомон аз рақиби фаронсавии худ шикат хӯрд ва ҷудокори руминиягӣ низ варзишгари тоҷикро аз мақоми сеюм бенасиб кард.
Ҳамин тариқ Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи байналмилалии "Paris Grand Slam 2021" ҷойи 5-умро гирифт.
Ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал бо туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз мусобиқаҳои "Гранд Слам "як медал дорад. Ӯ соли 2019 дар "Гранд Слам"-и Осака (Ҷопон) медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Лентаи хабарҳо
0