https://sputnik.tj/20211018/garmi-khonaho-dushanbe-barqi-tojik-narkh-1042943391.html
Оғози интиқоли гармӣ дар Душанбе: "Барқи тоҷик" гуфт, нарх боло нарафтаст
Оғози интиқоли гармӣ дар Душанбе: "Барқи тоҷик" гуфт, нарх боло нарафтаст
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати "Барқи тоҷик" бо нашри як иттилоия аз оғози интиқоли гармӣ ба хонаҳои истиқоматӣ ва муассисаҳо дар шаҳри Душанбе хабар дод 18.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-18T17:10+0500
2021-10-18T17:10+0500
2021-10-18T20:29+0500
дар тоҷикистон
энергетика
душанбе
барқи тоҷик
муассиса
гарм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101397/52/1013975272_0:0:4288:2412_1920x0_80_0_0_8596f8c0c825d490b71a0bb00913e61f.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе 18 октябр ба кор оғоз намуда, баъди як-ду рӯз пурра ба реҷаи муқаррарии корӣ ворид мешавад, хабар дод "Барқи тоҷик".Маркази мазкур дар тобеияти худ Марказҳои барқу гармидиҳии рақами 1 ва 2, дегхонаҳои ғарбиву шарқиро дорад, ки дувумӣ бо ангишт ва боқимонда бо гази Ӯзбекистон фаъолият мекунанд. Таъкид шудааст, ки Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз, 460 МВт нерӯи барқ ва 515 гигакалория гармӣ истеҳсол менамояд. Таъкид шудааст, ки нархи гармӣ бетағйир буда, чун соли қаблӣ барои аҳолӣ маблағи пардохт барои 1 метри мураббаи майдони гармшаванда бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда 1,18 сомониро ташкил медиҳад. Нарх барои ташкилоти буҷавӣ 98,67 сомонӣ барои 1 гигаколория ва барои истеъмолкунандагони дигар 113,47 сомонӣ барои 1 гигаколория гармӣ бе назардошти ААИ боқӣ мемонад. Дар феҳрасти гирандаҳои гармӣ 2 ҳазору 211 бинои истиқоматӣ, 64 муассисаи тиббӣ, 172 мактабу кӯдакистон ва 315 корхона ва ташкилот зикр шудаанд.
https://sputnik.tj/20211013/barqi-tojik-qat-intiqol-quvva-barq-1042818128.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101397/52/1013975272_0:0:3797:2848_1920x0_80_0_0_2bff13b9389cd5376f39ef6f672c13f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, энергетика, душанбе, барқи тоҷик, муассиса, гарм
дар тоҷикистон, энергетика, душанбе, барқи тоҷик, муассиса, гарм
Оғози интиқоли гармӣ дар Душанбе: "Барқи тоҷик" гуфт, нарх боло нарафтаст
17:10 18.10.2021 (Навсозишуда: 20:29 18.10.2021) Ширкати "Барқи тоҷик" бо нашри як иттилоия аз оғози интиқоли гармӣ ба хонаҳои истиқоматӣ ва муассисаҳо дар шаҳри Душанбе хабар дод
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе 18 октябр ба кор оғоз намуда, баъди як-ду рӯз пурра ба реҷаи муқаррарии корӣ ворид мешавад, хабар дод "Барқи тоҷик".
Маркази мазкур дар тобеияти худ Марказҳои барқу гармидиҳии рақами 1 ва 2, дегхонаҳои ғарбиву шарқиро дорад, ки дувумӣ бо ангишт ва боқимонда бо гази Ӯзбекистон фаъолият мекунанд.
Таъкид шудааст, ки Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз, 460 МВт нерӯи барқ ва 515 гигакалория гармӣ истеҳсол менамояд.
"Дар ин мавсим 2762 бинову иншооти шаҳри Душанбе бо гармӣ таъмин мегардад, ки ин нисбат ба соли гузашта 200 бинову иншоот зиёдтар мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки нархи гармӣ бетағйир буда, чун соли қаблӣ барои аҳолӣ маблағи пардохт барои 1 метри мураббаи майдони гармшаванда бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда 1,18 сомониро ташкил медиҳад.
Нарх барои ташкилоти буҷавӣ 98,67 сомонӣ барои 1 гигаколория ва барои истеъмолкунандагони дигар 113,47 сомонӣ барои 1 гигаколория гармӣ бе назардошти ААИ боқӣ мемонад.
Дар феҳрасти гирандаҳои гармӣ 2 ҳазору 211 бинои истиқоматӣ, 64 муассисаи тиббӣ, 172 мактабу кӯдакистон ва 315 корхона ва ташкилот зикр шудаанд.