Фарзона бо бозхонӣ кардани суруди Манижаи Давлат мухлисонашро шокӣ кард - навор

© Sputnik / Амир ИсаевНеделя моды в Душанбе. архивное фото
Неделя моды в Душанбе. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Обуна шудан
Пас аз бозхонӣ кардани суруди Манижаи Давлат мухлисони Фарзона ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд. Ба як гурӯҳ бозхонии суруди "Гулумой" аз ҷониби Фарзон писанд омад, вале аксар бар инанд, ки суруди мазкурро танҳо Манижа ба таври олӣ хонду бас
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Ситораи эстрадаи тоҷик Фарзонаи Хуршед мухлисонашро бо бозхонӣ кардани суруди сарояндаи хушному машҳур Манижаи Давлат дар ҳайрат гузошт.
Манижа ҳарчанд давоми чанд сол дар рӯи саҳна нест, вале шуҳрати ӯ миёни мухлисон коҳиш наёфтааст ва ҳамоно сурудҳояшро дар маҳфилу чорабиниҳо ҷавонон месароянд.
Яке аз сурудҳои вай "Гулумой" аст ва соли 2000 миёни мардум бисёр машҳур буд. Фарзонаи Хуршед низ маҳз ҳамин сурудро бозхонӣ кард.
Фарзонаи Хуршедро барои бозхонӣ кардани ин суруд бисёриҳо дастгирӣ карданд ва ин тарзи иҷроро писандиданд.
Вале нафароне ҳам пайдо шуданд, ки Фарзонаро зери танқид қарор доданд ва изҳор доштанд, ки ин танҳо Манижа онро ба дараҷаи олӣ сароиду тамом.
Певица Фарзонаи Хуршед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
"Аз хона баромадан намемонад...": Фарзонаи Хуршед дар бораи футболбозӣ бо писараш - видео
" Манижа беҳтарин ва яктост. Шумо то сатҳи ӯ намерасед", - навиштааст як корбар зери навори суруди "Гулумой".
Маҳмад Самадов ном корбар навиштааст, ки Фарзона сурудро "ҷазир" кардаст. Ӯ суол гузоштааст, ки оё Фарзона барои бозхонӣ кардани ин суруд аз Манижа иҷозат пурсидааст ё хайр.
"Манижа беҳтарин овозхони тоҷик аст. Ҳар кас ҷояшро гирифта наметавонад", - навиштааст як корбари дигар.
Бояд гуфт, ки қаблан ин сурудро ҳамсари собиқи Фарзона Фариддуни Хуршед ҳам бозхонӣ намуда буд.
Лентаи хабарҳо
0