"Ҷисман заиф шудаст": Табиб вазъи Саакашвилиро дар рӯзи 17-уми гуруснанишинӣ шарҳ дод

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкБывший губернатор Одесской области Украины и лидер политической партии "Рух нових сил" Михаил Саакашвили, архивное фото
Бывший губернатор Одесской области Украины и лидер политической партии Рух нових сил Михаил Саакашвили, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури пешини Гурҷистон, Михаил Саакашвили, ки 17 рӯз боз дар маҳбас гуруснанишинӣ дорад, ҷисман заиф шудааст
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Саакашвили ҷисман заиф шудааст, аммо ниёз ба бистарӣ кардани ӯ дар беморхона феълан нест, изҳор доштааст табиби шахсии ӯ, Николоз Кипшидзе.
"Тавсия медиҳам, ки пеш аз рӯзи сешанбе консилиум баргузор шавад, то табибон иқдоми минбаъдаро баррасӣ намоянд. Зарурати интиқолаш ба беморхона, додани минералҳо ва ғайраро ҳал намоянд. Ӯ заиф шудааст, ранги рӯяш канда аст ва ҳаракат кардан барояш мушкил мебошад. Зарурати бистарисозӣ дар ҳамин лаҳзаҳо нест, аммо боз мебинем, ки чӣ мешавад", - навиштааст РИА "Новости" аз қавли Кипшидзе.
Табиб таъкид намудааст, ки руҳан Саакашвили қавӣ буда, гуруснанишиниро қатъ карданӣ нест.
 Украинский государственный флаг прикреплен к забору на украинско-российской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Чигуна Украина барои кишварҳои пасошӯравӣ дарс шуд
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 1 октябр сарвазири Гурҷистон Ираклий Гарибашвили иттилоъ дод, ки Саакашвили дар Ватан боздошт шуд. Раиси Ҳизби "Орзуи гурҷӣ" - "Грузинская мечта"-и ҳоким Ираклий Кобахидзе изҳор дошт, ки Саакашвили нияти анҷоми табаддулоти давлатӣ дар кишварро дошт.
Худи раисҷумҳури пешини Гурҷистон эълон карда буд, ки то интихобот ба мақомоти маҳаллии худидора, ки 2 октябр баргузор шуд, ба Ватан бармегардад. Рӯзи 2 октябр сокинони 64 шаҳру навоҳии Гурҷистон раисону вакилонашронро интихоб карданд.
Алайҳи Саакашвили якчанд парвандаи ҷиноӣ дар Гурҷистон боз шуда, қаблан дар ғайбаш ӯро дар робита ба қатли бонкдор Сандро Гиргвлиани, латукӯби Валерий Гелашвили мутаносибан ба се ва шаш соли зиндон маҳкум карда буданд.
Инчунин Саакашвили аз ҷумлаи муттаҳамон дар доираи парвандаҳои парокандасозии ҳамоиши мухолифин дар рӯзи 7 ноябри соли 2007, бетартибиҳо дар телевизиони "Имеди" ва исрофи буҷаи давлатӣ мебошад, ки феълан баррасии онҳо аз ҷониби додрасҳо идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0