https://sputnik.tj/20211017/sozish-tolibon-uzbekiston-tashkili-guruhho-1042922981.html
Созиши "Толибон"* ва Ӯзбекистон барои ташкили гуруҳҳои муштараки корӣ
Созиши "Толибон"* ва Ӯзбекистон барои ташкили гуруҳҳои муштараки корӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати давлати Ӯзбекистон ва "Толибон"* гуруҳҳои муштараки корӣ барои рушди ҳамкориро ташкил хоҳанд кард
2021-10-17T17:00+0500
2021-10-17T17:00+0500
2021-10-17T17:00+0500
афғонистон
толибон
ҳамкорӣ
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042713091_0:0:793:446_1920x0_80_0_0_42276a12eaffe08036d6750554d1a2fd.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. "Толибон"* бо нашри як иттилоия гуфт, гуруҳҳои корӣ масоили мубрами бахшҳои гуногунро баррасӣ карда, барои иқдоми минбаъда ба роҳбарони давлатҳо тавсияҳо пешниҳод мекунанд, навиштааст Sputnik Афғонистон. Ба иттилои манбаъ, вазифаи аввалиндараҷа барои 10 рӯзи оянда, таҳияи дастурамали ботафсили таҳкими ҳамкориҳо муқаррар шудааст. Маврид ба зикр аст, ки ахиран ҳайати "Толибон"* таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи муовини сардори ҳукумати муваққатии Афғонистон Абдуссалом Ҳанафӣ, барои ширкат дар музокирот бо ҳайати Ӯзбекистон ба Тирмиз омад.Тарафҳо дар бораи ин мулоқот рӯзи 7 октябр дар ҷараёни сафари вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба Кобул мувофиқа карда буданд. Ҷониби Ӯзбекистонро дар ин гуфтушунидҳо муовини сарвазир, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии ҷумҳурӣ Сардор Умурзоқов роҳбарӣ мекунад. Таъкид шудааст, ки аз мавзуъҳои меҳварӣ ҳамкории иқтисодию гуманитарӣ мебошанд, аммо то ҳол аз тавофуқҳои мушаххас иттилое ироа нашудааст. * - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20211017/dargiri-tolibon-jabhai-muqovimat-panjsher-1042921791.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042713091_0:0:759:569_1920x0_80_0_0_64d32bd881ae8750500d80989296e456.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, мулоқот, ҳамкорӣ, гуруҳҳо, афғонистон
толибон, мулоқот, ҳамкорӣ, гуруҳҳо, афғонистон
Созиши "Толибон"* ва Ӯзбекистон барои ташкили гуруҳҳои муштараки корӣ
Ҳайати давлати Ӯзбекистон ва гуруҳи террористии "Толибон"* гуруҳҳои муштараки корӣ барои рушди ҳамкориро ташкил хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. "Толибон"* бо нашри як иттилоия гуфт, гуруҳҳои корӣ масоили мубрами бахшҳои гуногунро баррасӣ карда, барои иқдоми минбаъда ба роҳбарони давлатҳо тавсияҳо пешниҳод мекунанд, навиштааст Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, вазифаи аввалиндараҷа барои 10 рӯзи оянда, таҳияи дастурамали ботафсили таҳкими ҳамкориҳо муқаррар шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран ҳайати "Толибон"* таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи муовини сардори ҳукумати муваққатии Афғонистон Абдуссалом Ҳанафӣ, барои ширкат дар музокирот бо ҳайати Ӯзбекистон ба Тирмиз омад.
Тарафҳо дар бораи ин мулоқот рӯзи 7 октябр дар ҷараёни
сафари вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба Кобул мувофиқа карда буданд.
Ҷониби Ӯзбекистонро дар ин гуфтушунидҳо муовини сарвазир, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии ҷумҳурӣ Сардор Умурзоқов роҳбарӣ мекунад.
Таъкид шудааст, ки аз мавзуъҳои меҳварӣ ҳамкории иқтисодию гуманитарӣ мебошанд, аммо то ҳол аз тавофуқҳои мушаххас иттилое ироа нашудааст.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар