Шарҳи вазъи ҳайати синамогарон, ки баъди 12 рӯз ба Замин баргаштанд

© POOL / Гузариш ба медиабонкСтарт ТПК "Союз МС-19" со съемочной группой фильма "Вызов"
Старт ТПК Союз МС-19 со съемочной группой фильма Вызов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
Обуна шудан
Вазъи ҳайати синамогароне, ки баъди 12 рӯз аз кайҳон ба Замин баргаштанд, қаноатбахш арзёбӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Вазъи ҳайате, ки аз Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ ба замин баргаштанд, хуб мебошад, хабар дод шуд дар сомонаи Оҷонси федералии тиббӣ - биологӣ.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин ҳайат кайҳоннавард Олег Новитский, ҳунарпеша Юлия Пересилд ва коргардон Клим Шипенко ба Замин баргаштанд.

"Дар ҷои баргашти кайҳоннавардон госпитали сайёр ташкил шуд, ки табибон вазъи саломатии кайҳоннавардонро ташхис намуданд. Баъди таҳлили натиҷаҳо вазъи ҳайат қаноатбахш арзёбӣ гардид", - омадааст дар иттилоия.

Се кайҳоннавард бо ҳамроҳии тими табибон ба фурудгоҳи Қарағанда ва аз он ҷо ба шаҳраки кайҳоннавардон интиқол дода шуданд, ки он ҷо марҳилаи барқарорсозиро мегузаранд.
Ҳайати синамогарон рӯзи 5-уми октябр аз тариқи киштии кайҳони "Союз МС-19" бо ҳайати синоамогарон ба Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ фиристода шуд.
Дар Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ сабти филми "Чолиш" - "Вызов", бо иштироки ҳунарпеша Юлия Пересилд ва коргардон Клим Шипенко сурат гирифт.
Подготовка к съемкам фильма Вызов, Юлия Пересильд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
"Рафтем!": мо дар бораи “Чолиш” чӣ медонем ва чаро ин муҳим аст
Чунин ташаббус бори аввал татбиқ шуда, ҳайати синамогарон дар кайҳон ҳудуди 12 рӯз қарор доштанд.
Бар асоси барномаи филм, қаҳрамон Пересилд - табибест, ки барои наҷоти кайҳоннавард ба кайҳон парвоз мекунад.Пеш аз парвоз иштирокдорони он марҳилаи омодагиро паси сар карданд.
Маврид ба зикр аст, ки сабти филми "Чолиш" барои "Роскосмос" имкон дод, ки омодасозии фаврии мутхассисони берун аз соҳаи кайҳоннавардиро озмоиш намояд.
Лентаи хабарҳо
0