https://sputnik.tj/20211017/polis-rusiya-viloyat-maskav-muhojir-bozdosht-1042924307.html
Полиси Русия дар вилояти Маскав беш аз 100 муҳоҷирро боздошт кард
Полиси Русия дар вилояти Маскав беш аз 100 муҳоҷирро боздошт кард
Sputnik Тоҷикистон
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар яке аз сохтмонҳои Русия санҷиши ғайринақшавӣ баргузор намуданд, ки дар натиҷа теъдоди зиёди муҳоҷиронро боздошт карданд 17.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-17T18:00+0500
2021-10-17T18:00+0500
2021-10-21T18:52+0500
муҳоҷират
дар русия
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102717/75/1027177559_0:0:2969:1671_1920x0_80_0_0_4a2f37bdfc14d1cb3f8c9b359bdbd6b9.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Кормандони полис беш аз 100 шаҳрванди хориҷиро дар сохтмони маҷмааи анбор дар Истра боздошт карданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии "360" бо истинод ба "ВАО -и Вазорати корҳои дохилӣ" хабар дод. Раёсат қайд кард, ки бархе аз муҳоҷирон дар Русия ғайриқонунӣ ба сар мебурданд ва бархе бо патент барои кор мушкилот доштанд.Ҳангоми санҷиш, муҳоҷирон натавонистанд ҳуҷҷатҳои заруриро ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод кунанд. Гуфта мешавад, ин тафтиш ғайринақшавӣ буд ва аз он на корфармоён ва на коргарон дарак доштанд. Зимнан, аксар муҳоҷироне, ки аз рӯи ҳуҷҷатгузорӣ мушкилӣ доштанд, хостанд рӯ ба гурез ниҳанд, аммо кормандони ҳифзи ҳуқуқ нагузоштанд, ки онҳо паноҳ баранд.Манбаъ меафзояд, ҳар як муҳоҷире, ки ба нақзи қонун даст задааст, ҷаримабандӣ шуд.Ёдовар мешавем, ки мақомоти Русия борҳо эълом кардаанд, нисбати хориҷиёне, ки ҳуҷҷатҳои зарурӣ надоранд, аз чораҳои сахт истифода мекунанд. Барои муайян кардани чунин шаҳрвандон дар минтақаҳои кишвар мунтазам санҷишҳо гузаронида мешаванд.
https://sputnik.tj/20211017/rusiya-maosh-muhojiron-ziyod-1042917763.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102717/75/1027177559_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_8cb38ef533a108a9e453f89f6e479023.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, дар русия
Полиси Русия дар вилояти Маскав беш аз 100 муҳоҷирро боздошт кард
18:00 17.10.2021 (Навсозишуда: 18:52 21.10.2021) Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар яке аз сохтмонҳои Русия санҷиши ғайринақшавӣ баргузор намуданд, ки дар натиҷа теъдоди зиёди муҳоҷиронро боздошт карданд
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Кормандони полис беш аз 100 шаҳрванди хориҷиро дар сохтмони маҷмааи анбор дар Истра боздошт карданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии "360" бо истинод ба "ВАО -и Вазорати корҳои дохилӣ" хабар дод.
Раёсат қайд кард, ки бархе аз муҳоҷирон дар Русия ғайриқонунӣ ба сар мебурданд ва бархе бо патент барои кор мушкилот доштанд.
Ҳангоми санҷиш, муҳоҷирон натавонистанд ҳуҷҷатҳои заруриро ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод кунанд.
Гуфта мешавад, ин тафтиш ғайринақшавӣ буд ва аз он на корфармоён ва на коргарон дарак доштанд. Зимнан, аксар муҳоҷироне, ки аз рӯи ҳуҷҷатгузорӣ мушкилӣ доштанд, хостанд рӯ ба гурез ниҳанд, аммо кормандони ҳифзи ҳуқуқ нагузоштанд, ки онҳо паноҳ баранд.
"Ҳар яки онҳо дар маҳзани маълумот дарҳол тафтиш карда шуданд. Сипас ташхиси коргарон аз коронавирус гирифта шуд", - таъкид гардид дар хабар.
Манбаъ меафзояд, ҳар як муҳоҷире, ки ба нақзи қонун даст задааст, ҷаримабандӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Русия борҳо эълом кардаанд, нисбати хориҷиёне, ки ҳуҷҷатҳои зарурӣ надоранд, аз чораҳои сахт истифода мекунанд. Барои муайян кардани чунин шаҳрвандон дар минтақаҳои кишвар мунтазам санҷишҳо гузаронида мешаванд.