Зӯрозмоии деринтизор: Минеев Исмоиловро шикаст дод - видео

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкМагомед Исмаилов в поединке
Магомед Исмаилов в поединке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
Обуна шудан
Зӯрозмоии Владимир Минеев ва Муҳаммад Исмоилов, ки баҳсҳо атрофи баргузории он ҳудуди се сол давом доштанд, ниҳоят дар Сочи сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Минеев дар мусобиқаи AMC "Fight Nights", дар даври сеюм рақибаш Муҳаммад Исмоиловро шикаст дода, унвони қаҳрамонияшро ҳифз кард. Минаев қаҳрамон дар вазни миёна, то 83,9 кило боқӣ монд.
Сабқати нахустини ин ду размкор соли 2018 баргузор шуда буд, ки мусовӣ анҷом ёфт. Дар пайи ин размкорон дар чорабиниҳои гуногун иштирок мекарданду хархашаҳо анҷом медоданд, ки кӣ бартарӣ дорад.
Маврид ба зикр аст, ки Минееви 31-сола то ҳол 15 зӯрозмоиро бо пирӯзӣ, як ададро бо мусовӣ ва яки дигарро бо шикаст анҷом додааст.
Исмоилови 35-сола 17 пирӯзӣ се шикаст ва як мусовӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0