Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Коронавирус дар Тоҷикистон: Вазорат гуфт, чанд нафар тоза гирифтори ин дард шуданд

© Sputnik / Амир ИсаевЛюди в масках в районе Рудаки, архивное фото
Люди в масках в районе Рудаки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон пас аз як моҳи бидуни коронавирус ин дард боз аз худ дарак дод ва рӯзи 15-уми октябр ду мавриди беморшавии сокинон ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Аз миёнаи моҳи сентябр то рӯзи 15-уми октябр дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нагардид. Вале рӯзи 15 октябр Вазорати тандурустӣ аз гирифтор шудани ду нафар ба маризии коронавирус хабар дод.
Зимнан ин ниҳод рӯзи гузашта охирин омори сирояту фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро нашр намуд. Бинобар хабари вазорат, дар 24 соати ахир ягон ҳолати беморшавии тоҷикистониён ба коронавирус сабт нагардид.
Лечение больных с COVID-19 в резервном госпитале на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2021
Русия
Сироятшинос афзоиши рекордии гирифторони COVID - 19 дар Русияро шарҳ дод
Манбаъ меафзояд, аз оғози бақайдгирӣ то 16 октябр дар Тоҷикистон 17 086 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 960 шифо ёфтаанд.
Илова бар ин аз ин дард дар Тоҷикистон 124 нафар ҷон бохтааст.
Ёдовар мешавем, ки хуруҷи коронавирус дар Тоҷикистон 30 апрели соли 2020 авҷ гирифт.
Феълан ваксинзанӣ дар Тоҷикистон идома дорад ва шаҳрвандони аз 18-сола боло дар сартосари кишвар ба таври ройгон, марҳила ба марҳила бо ваксина таъмин мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0