https://sputnik.tj/20211016/smm-nisf-aholi-jahon-ghizo-1042910754.html
СММ: Нисфи аҳолии ҷаҳон ба ғизои солим дастрасӣ надорад
СММ: Нисфи аҳолии ҷаҳон ба ғизои солим дастрасӣ надорад
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли СММ хостори тағйири системаҳои ғизои наҷотбахшӣ дар ҷаҳон шуд. Вай ҳушдор дод, ки агар чораҳои зарурӣ андешида нашаванд, вазъ бадтар мешавад.
2021-10-16T16:00+0500
2021-10-16T16:00+0500
2021-10-18T12:06+0500
дар ҷаҳон
иқтисод
иҷтимоъ
смм
ғизо
антонио гутерриш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/12/1032109439_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_4a22f9acec0dbd16e87ee6326cd2bc9c.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дар як изҳорот дар Рӯзи ҷаҳонии ғизо, ки ҳамасола 15 октябр баргузор мешавад, гуфт, тақрибан 40 дарсади аҳолӣ ё тақрибан се миллиард нафар наметавонанд ғизои солим бихӯранд. Ӯ гуфт, бо афзоиши гуруснагӣ, камғизоӣ ва фарбеҳӣ, таъсири иқтисодии Ковид 19 "вазъро бадтар кард" ва қайд кард, ки пандемия боз 140 миллион нафарро аз дастрасӣ ба ғизои солим маҳрум кард.Ба гуфтаи дабири кулли СММ, ҳамзамон тарзи истеҳсол, истеъмол ва исрофкории ғизо ба сайёраи мо хисороти зиёд меорад.Ӯ бо ишора ба масъалаи имсола, ки қудрати тағйирот дар дасти мост гуфт: "Амалҳои мо ояндаи мо ҳастанд".Моҳи гузашта ҷаҳон ӯ дар Саммити муҳими системаҳои озуқавории СММ ширкат варзид, ки роҳи тағйир додани системаҳои ғизоиро дар ҳама ҷо барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030 кушод. Гутерриш қайд кард, ки дар ҷараёни нишаст "кишварҳо уҳдадориҳои далерона" қабул карданд, то низоми ғизои солимро дастрас ва системаҳои ғизо"-ро дар ҳар қадам самараноку устувор гардонанд. Дабири кулли СММ мегӯяд: "Мо, ҳама метавонем тарзи хӯрдани худро тағйир диҳем ва барои худу сайёраамон интихобҳои солимтар кунем."
https://sputnik.tj/20210524/gurusnagi-afghoniston-1039705120.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/12/1032109439_293:0:1733:1080_1920x0_80_0_0_3e29182b4cb66173f51d6841f6e2222f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
смм аҳолӣ ҷаҳон ғизо солим
смм аҳолӣ ҷаҳон ғизо солим
СММ: Нисфи аҳолии ҷаҳон ба ғизои солим дастрасӣ надорад
16:00 16.10.2021 (Навсозишуда: 12:06 18.10.2021) Дабири кулли СММ хостори тағйири системаҳои ғизои наҷотбахшӣ дар ҷаҳон шуд. Вай ҳушдор дод, ки агар чораҳои зарурӣ андешида нашаванд, вазъ бадтар мешавад.
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дар як изҳорот дар Рӯзи ҷаҳонии ғизо, ки ҳамасола 15 октябр баргузор мешавад, гуфт, тақрибан 40 дарсади аҳолӣ ё тақрибан се миллиард нафар наметавонанд ғизои солим бихӯранд.
Ӯ гуфт, бо афзоиши гуруснагӣ, камғизоӣ ва фарбеҳӣ, таъсири иқтисодии Ковид 19 "вазъро бадтар кард" ва қайд кард, ки пандемия боз 140 миллион нафарро аз дастрасӣ ба ғизои солим маҳрум кард.
Ба гуфтаи дабири кулли СММ, ҳамзамон тарзи истеҳсол, истеъмол ва исрофкории ғизо ба сайёраи мо хисороти зиёд меорад.
Ӯ бо ишора ба масъалаи имсола, ки қудрати тағйирот дар дасти мост гуфт: "Амалҳои мо ояндаи мо ҳастанд".
Моҳи гузашта ҷаҳон ӯ дар Саммити муҳими системаҳои озуқавории СММ ширкат варзид, ки роҳи тағйир додани системаҳои ғизоиро дар ҳама ҷо барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030 кушод.
Гутерриш қайд кард, ки дар ҷараёни нишаст "кишварҳо уҳдадориҳои далерона" қабул карданд, то низоми ғизои солимро дастрас ва системаҳои ғизо"-ро дар ҳар қадам самараноку устувор гардонанд.
Дабири кулли СММ мегӯяд: "Мо, ҳама метавонем тарзи хӯрдани худро тағйир диҳем ва барои худу сайёраамон интихобҳои солимтар кунем."