https://sputnik.tj/20211016/palang-zirepush-rusiya-tamrin-saad-tojikiston-1042904855.html
"Паланг"-ҳои зиреҳпӯши Русияро барои тамринҳои СААД ба Тоҷикистон оварданд
"Паланг"-ҳои зиреҳпӯши Русияро барои тамринҳои СААД ба Тоҷикистон оварданд
Sputnik Тоҷикистон
Чанд мошини зиреҳпӯши "Тигр" (Паланг) аз Русия барои машқҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон ба Тоҷикистон оварда шуданд 16.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-16T07:30+0500
2021-10-16T07:30+0500
2021-10-18T11:11+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
саад
марз
тамрин
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0f/1042901678_0:130:2526:1551_1920x0_80_0_0_0742df78d859df5c435ac1c94079c973.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Аз вилояти Самара ба Душанбе шаш мошини зиреҳпӯш оварда шуд, то дар минтақаи кӯҳии биёбон, дар машқгоҳи Момирак дар тамрин истифода шаванд, хабар медиҳад, дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ. Таҷҳизотро ҳавопаймои вазнини нақлиётии Ан-124 -и Қувваҳои ҳавопаймоии Русия овардааст. Ҳангоми машқҳои муштараки Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареи СААД "Ҷустуҷӯ - 2021" гурӯҳҳои иктишофӣ дар ин мошинҳои зиреҳпӯш дар минтақаи биёбони кӯҳӣ амалиёти ҷустуҷӯиро мегузаронанд. Дар роҳҳои эҳтимолии ҳаракати қисмҳои созмони террористӣ каминҳо коркард карда мешаванд, инчунин харбиён вазифаҳои дигари тайёрии ҷангиро иҷро мекунанд.Ёдовар мешавем, ки дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон се тамриноти муштараки низомиёни кишварҳои СААД ба нақша гирифта шудааст: "Ҳамкорӣ", "Ҷустуҷӯ" ва "Эшелон". Ба онҳо беш аз 2,7 ҳазор низомӣ ва беш аз 500 адад техникаи ҳарбӣ ҷалб мешаванд. Он аз 22 то 23 октябр баргузор мешавад. Қаблан маълум шуд, ки Русия пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистонро бо мошинҳои нави зиреҳпӯши "Патрул" ва мошинҳои нигоҳбонии "Есаул", ки дар асоси "ҷип"-ҳои "Патриот" сохта шудаанд, тақвият мебахшад. Дар гузашта Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия гуфта буд, ки бо назардошти вазъи ташвишовар дар Афғонистон машқҳои муштараки Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон то даме ки лозим аст, идома хоҳанд ёфт.
https://sputnik.tj/20211014/hadaf-tamrin-sarhad-tojikiston-afghoniston-1042838436.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0f/1042901678_143:0:2384:1681_1920x0_80_0_0_eb8b675abbf83483a9d116e2dde4a85f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, афғонистон, саад, марз, тамрин, дар русия
дар тоҷикистон, афғонистон, саад, марз, тамрин, дар русия
"Паланг"-ҳои зиреҳпӯши Русияро барои тамринҳои СААД ба Тоҷикистон оварданд
07:30 16.10.2021 (Навсозишуда: 11:11 18.10.2021) Чанд мошини зиреҳпӯши "Тигр" (Паланг) аз Русия барои машқҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон ба Тоҷикистон оварда шуданд
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Аз вилояти Самара ба Душанбе шаш мошини зиреҳпӯш оварда шуд, то дар минтақаи кӯҳии биёбон, дар машқгоҳи Момирак дар тамрин истифода шаванд, хабар медиҳад, дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.
Таҷҳизотро ҳавопаймои вазнини нақлиётии Ан-124 -и Қувваҳои ҳавопаймоии Русия овардааст.
Ҳангоми машқҳои муштараки Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареи СААД "Ҷустуҷӯ - 2021" гурӯҳҳои иктишофӣ дар ин мошинҳои зиреҳпӯш дар минтақаи биёбони кӯҳӣ амалиёти ҷустуҷӯиро мегузаронанд.
Дар роҳҳои эҳтимолии ҳаракати қисмҳои созмони террористӣ каминҳо коркард карда мешаванд, инчунин харбиён вазифаҳои дигари тайёрии ҷангиро иҷро мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон се тамриноти муштараки низомиёни кишварҳои СААД ба нақша гирифта шудааст: "Ҳамкорӣ", "Ҷустуҷӯ" ва "Эшелон".
Ба онҳо беш аз 2,7 ҳазор низомӣ ва беш аз 500 адад техникаи ҳарбӣ ҷалб мешаванд. Он аз 22 то 23 октябр баргузор мешавад.
Қаблан маълум шуд, ки Русия пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистонро бо мошинҳои нави зиреҳпӯши "Патрул" ва мошинҳои нигоҳбонии "Есаул", ки дар асоси "ҷип"-ҳои "Патриот" сохта шудаанд, тақвият мебахшад.
Дар гузашта Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия гуфта буд, ки бо назардошти вазъи ташвишовар дар Афғонистон машқҳои муштараки Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон то даме ки лозим аст, идома хоҳанд ёфт.