https://sputnik.tj/20211016/markaz-isi-bunyod-masud-terrorist-marz-tojikiston-1042912970.html
“Маркази ISI дар Бунёди Масъуд”: омӯзишҳои террористӣ дар вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон
“Маркази ISI дар Бунёди Масъуд”: омӯзишҳои террористӣ дар вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
“Шабакаи Ҳаққонӣ”* дар шаҳри Толиқон, маркази вилояти Тахори Афғонистон як маркази омӯзишӣ барои террористон эҷод кард
2021-10-16T18:00+0500
2021-10-16T18:00+0500
2021-10-18T12:23+0500
афғонистон
террористон
гурӯҳи террористии "толибон"
шабакаи ҳаққонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1a/1042503477_0:56:1080:664_1920x0_80_0_0_d6665be44d51ac02f66a4e2b8b6c7402.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Тахор бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз буда, қаблан як воҳиди баталёни истишҳодӣ ё маргталаб ба номи “Лашкари Мансурӣ”-и “Толибон” низ дар ин вилоят мустақар шуда буд. Манбаи Sputnik Тоҷикистон дар шаҳри Толиқон мегӯяд, ин марказ ҳудуди як ҳафтаи қабл дар сохтмони Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд, дар гузашта маркази амалиётҳои Шӯрои наззор таъсис ёфта, дар он шаҳрвандони хориҷиву дохилӣ тарбият мешаванд. “Ин роз вақте ошкор шуд, ки “Шабакаи Ҳаққонӣ” барои писари Ҳоҷӣ Нуриддин, волии Тахор аз шаҳри Кобул як чизе аз Кобул фиристода, аз ӯ хоста буд, ки онро аз бинои Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд дарёфт кунад. Вақте ӯ меравад, мебинад, ки дар даромадгоҳи сохтмон афроди мусаллаҳи ниқобпӯш истодаанд ва ба ӯ иҷозаи ворид шудан намедиҳанд. Он чизеро, ки барояш фиристода буданд, ба ӯ оварда медиҳанд. Писари волӣ вақте мепурсад, ки чӣ хабар аст, ба ӯ мегӯянд, ин ҷо маркази омӯзишии халифа соҳиб аст”, - гуфт манбаъ. “Халифа соҳиб”-ро “Толибон”* ба Сироҷуддин Ҳаққонӣ, раҳбари “Шабакаи Ҳаққонӣ”, ҳоло вазири корҳои дохилии “Толибон”* мегӯянд, ки ин лақабро ба хотири раҳбарии ин шабакаи террористӣ камоӣ кардааст. Манбаъ мегӯяд, яке аз посбонони ин марказ ба писари волӣ гуфтааст, ки дар он ӯйғурҳо, ӯзбекҳои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва ӯзбекҳои Афғонистон тамрин мекунанд. Пас аз соли 1992, баъди ба қудрат расидани муҷоҳидин дар Афғонистон маркази операсиюн ё амалиётҳои Шӯрои наззор дар маркази шаҳри Толиқон таъсис ёфт ва раҳбарии он бар дӯши Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, ҳоло фармондеҳи умумии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд буд. Шӯрои наззор танзими низомиест, ки соли 1984 аз сӯи Аҳмадшоҳи Масъуд таъсис ёфта ва раҳбариашро худаш бар дӯш дошт. Пас аз суқути ҳукумати “Толибон”* дар Афғонистон маркази операсиюни Толиқон ба дафтари Бунёди Шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, як созмони ҷамъиятӣ табдил ёфта буд. “Толибон”* қаблан дар Тахор ва дигар вилоятҳои Шимол – Кундузу Бадахшон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарзанд, як баталёни истишҳодиҳо ё маргталабонро ба манзури ҳифзи сарҳадот ҷойгузин карда буд. Ин таҳаррукот пас аз он иттифоқ афтод, ки Тоҷикистон аз ҳукумати онҳо ба таври аланӣ интиқод намуд ва онро як ҳукумати ҳамашумул ҳисоб накард.
https://sputnik.tj/20210927/tahdidi-tolibon-tojikiston-lashkari-mansuri-1042528740.html
https://sputnik.tj/20211008/diplomati-tolibon-vazro-marz-tojikiston-1042725573.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1a/1042503477_60:0:1020:720_1920x0_80_0_0_bd4d55c87e1c729e97c283892fdb2ad0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
isi омӯзиш террористӣ вилоят ҳаммарз тоҷикистон
isi омӯзиш террористӣ вилоят ҳаммарз тоҷикистон
“Маркази ISI дар Бунёди Масъуд”: омӯзишҳои террористӣ дар вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон
18:00 16.10.2021 (Навсозишуда: 12:23 18.10.2021) “Шабакаи Ҳаққонӣ”* дар шаҳри Толиқон, маркази вилояти Тахори Афғонистон як маркази омӯзишӣ барои террористон эҷод кард
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Тахор бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз буда, қаблан як воҳиди баталёни истишҳодӣ ё маргталаб ба номи “Лашкари Мансурӣ”-и “Толибон” низ дар ин вилоят мустақар шуда буд.
Манбаи Sputnik Тоҷикистон дар шаҳри Толиқон мегӯяд, ин марказ ҳудуди як ҳафтаи қабл дар сохтмони Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд, дар гузашта маркази амалиётҳои Шӯрои наззор таъсис ёфта, дар он шаҳрвандони хориҷиву дохилӣ тарбият мешаванд.
“Ин роз вақте ошкор шуд, ки “Шабакаи Ҳаққонӣ” барои писари Ҳоҷӣ Нуриддин, волии Тахор аз шаҳри Кобул як чизе аз Кобул фиристода, аз ӯ хоста буд, ки онро аз бинои Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд дарёфт кунад. Вақте ӯ меравад, мебинад, ки дар даромадгоҳи сохтмон афроди мусаллаҳи ниқобпӯш истодаанд ва ба ӯ иҷозаи ворид шудан намедиҳанд. Он чизеро, ки барояш фиристода буданд, ба ӯ оварда медиҳанд. Писари волӣ вақте мепурсад, ки чӣ хабар аст, ба ӯ мегӯянд, ин ҷо маркази омӯзишии халифа соҳиб аст”, - гуфт манбаъ.
“Халифа соҳиб”-ро “Толибон”* ба Сироҷуддин Ҳаққонӣ, раҳбари “Шабакаи Ҳаққонӣ”, ҳоло вазири корҳои дохилии “Толибон”* мегӯянд, ки ин лақабро ба хотири раҳбарии ин шабакаи террористӣ камоӣ кардааст. Манбаъ мегӯяд, яке аз посбонони ин марказ ба писари волӣ гуфтааст, ки дар он ӯйғурҳо, ӯзбекҳои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва ӯзбекҳои Афғонистон тамрин мекунанд.
“Теъдоди онҳо беш аз 200 нафар буда, устодонашон мутахассисини Созмони истихбороти Покистон (ISI) мебошанд. Дар се баст – ҷангҳои чирикӣ, инфиҷор ва минасозӣ дарс меомӯзанд. Аммо барои куҷо омода мешаванд, маълум нест. Афғонистонро, ки забт карданд”, - гуфт манбаъ.
Пас аз соли 1992, баъди ба қудрат расидани муҷоҳидин дар Афғонистон маркази операсиюн ё амалиётҳои Шӯрои наззор дар маркази шаҳри Толиқон таъсис ёфт ва раҳбарии он бар дӯши Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, ҳоло фармондеҳи умумии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд буд.
Шӯрои наззор танзими низомиест, ки соли 1984 аз сӯи Аҳмадшоҳи Масъуд таъсис ёфта ва раҳбариашро худаш бар дӯш дошт. Пас аз суқути ҳукумати “Толибон”* дар Афғонистон маркази операсиюни Толиқон ба дафтари Бунёди Шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, як созмони ҷамъиятӣ табдил ёфта буд.
“Толибон”* қаблан дар Тахор ва дигар вилоятҳои Шимол – Кундузу Бадахшон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарзанд, як баталёни истишҳодиҳо ё маргталабонро ба манзури ҳифзи сарҳадот ҷойгузин карда буд.
Ин таҳаррукот пас аз он иттифоқ афтод, ки Тоҷикистон аз ҳукумати онҳо ба таври аланӣ интиқод намуд ва онро як ҳукумати ҳамашумул ҳисоб накард.