https://sputnik.tj/20211016/javon-tojik-ozmun-golos-dovaron-taskhir-1042908681.html
Ҷавони тоҷик дар озмуни "Голос"-и шабакаи 1-и Русия доваронро дар ҳайрат гузошт-видео
Ҷавони тоҷик дар озмуни "Голос"-и шабакаи 1-и Русия доваронро дар ҳайрат гузошт-видео
Sputnik Тоҷикистон
Ҷавоне аз Душанбе дар мавсими 10 -уми озмуни "Овоз" (Голос), ки он дар Шабакаи аввали телевизиони Русия оғоз ёфт, ҳама доваронро тасхир кард
2021-10-16T13:03+0500
2021-10-16T13:03+0500
2021-10-21T18:54+0500
фарҳанг
душанбе
озмун
шабакаи аввал
овозхон
тоҷик
ҳунарманд
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102973/33/1029733359_0:107:3261:1941_1920x0_80_0_0_7b26452ef765164be3f9d1bb40466e27.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ҳунарманди ҷавон аз Тоҷикистон Илҳом Тоҳиров аз даври аввали интихобӣ дар намоиши русии "Голос" гузашт. Овозхони Тоҷикистон дар марҳалаи интихобӣ суруди Dream a Little Dream of Me -ро иҷро кард. Ин тарона бори аввал соли 1931 аз ҷониби Оззи Нелсон сабт шудааст. Баъдтар онро бисёр ҳунармандон, аз ҷумла Элла Фитзҷералд, Луи Армстронг, Дорис Дэй, Робби Уилямс иҷро карданд. Иштирокчии 27-сола аз Тоҷикистон бо иҷрои самимӣ ва дилнишини таронаи машҳур ҳамаи мураббиёнро тасхир кард. Илҳом дар Душанбе зиндагӣ мекунад, ӯ барои ин лоиҳа ба Маскав омадааст. Ӯ дар асл тарҷумони забони чинӣ аст. Вай аз хурдӣ мусиқиро дӯст медошту омӯхт ва баъдтар завқ ба кори касбӣ табдил ёфт.Ба гуфтаи ӯ, аъзои ҳакамон муддати тӯлонӣ "чунин як иҷрои дақиқи афсонавӣ" -ро нашунидаанд. Градский бо истиқбол аз иҷрои Тоҳиров гуфт, ба ҳар ҷонибе, ки равед, ин як ҳаяҷоновар аст, ҳар довареро интихоб мекунед мо хушҳол мешавем.Ҳама доварон мехостанд, ҷавони тоҷикро дар тимашон бубинанд ва ҳар ҳакаме даъват мекард, ки ӯро интихоб кунад.Ба гуфтаи Илҳом, ӯ интизор набуд, ки ҳама рӯй мегардонанд, ӯ умедвор буд, ки ҳадди ақал як узви доварон бармегарданд ва ӯро ба тимашон мегиранд.Илҳом гуфт, ки ӯ мехоҳад бо ҳар як устод кор кунад, аммо азбаски ин дар шароити озмун ғайриимкон аст, Дмитрий Биланро интихоб мекунад. Ёдовар мешавем моҳи октябри соли равон дар Шабакаи аввали Русия мавсими 10 -уми намоиши телевизионии вокалии "Голос" оғоз ёфт.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102973/33/1029733359_265:0:2996:2048_1920x0_80_0_0_d66af38e6323a6fa12d7277f5f67e6d4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷавон тоҷик озмун "голос" доварон ҳайрат
ҷавон тоҷик озмун "голос" доварон ҳайрат
Ҷавони тоҷик дар озмуни "Голос"-и шабакаи 1-и Русия доваронро дар ҳайрат гузошт-видео
13:03 16.10.2021 (Навсозишуда: 18:54 21.10.2021) Ҷавоне аз Душанбе дар мавсими 10 -уми озмуни "Овоз" (Голос), ки он дар Шабакаи аввали телевизиони Русия оғоз ёфт, ҳама доваронро тасхир кард
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ҳунарманди ҷавон аз Тоҷикистон Илҳом Тоҳиров аз даври аввали интихобӣ дар намоиши русии "Голос" гузашт.
Овозхони Тоҷикистон дар марҳалаи интихобӣ суруди Dream a Little Dream of Me -ро иҷро кард.
Ин тарона бори аввал соли 1931 аз ҷониби Оззи Нелсон сабт шудааст. Баъдтар онро бисёр ҳунармандон, аз ҷумла Элла Фитзҷералд, Луи Армстронг, Дорис Дэй, Робби Уилямс иҷро карданд.
Иштирокчии 27-сола аз Тоҷикистон бо иҷрои самимӣ ва дилнишини таронаи машҳур ҳамаи мураббиёнро тасхир кард.
Илҳом дар Душанбе зиндагӣ мекунад, ӯ барои ин лоиҳа ба Маскав омадааст. Ӯ дар асл тарҷумони забони чинӣ аст. Вай аз хурдӣ мусиқиро дӯст медошту омӯхт ва баъдтар завқ ба кори касбӣ табдил ёфт.
"Ин нотакрор буд!" - гуфт овозхон ва оҳангсоз Александр Градский дар бораи иҷрои Тоҳиров.
Ба гуфтаи ӯ, аъзои ҳакамон муддати тӯлонӣ "чунин як иҷрои дақиқи афсонавӣ" -ро нашунидаанд.
Градский бо истиқбол аз иҷрои Тоҳиров гуфт, ба ҳар ҷонибе, ки равед, ин як ҳаяҷоновар аст, ҳар довареро интихоб мекунед мо хушҳол мешавем.
Ҳама доварон мехостанд, ҷавони тоҷикро дар тимашон бубинанд ва ҳар ҳакаме даъват мекард, ки ӯро интихоб кунад.
Ба гуфтаи Илҳом, ӯ интизор набуд, ки ҳама рӯй мегардонанд, ӯ умедвор буд, ки ҳадди ақал як узви доварон бармегарданд ва ӯро ба тимашон мегиранд.
Илҳом гуфт, ки ӯ мехоҳад бо ҳар як устод кор кунад, аммо азбаски ин дар шароити озмун ғайриимкон аст, Дмитрий Биланро интихоб мекунад.
Ёдовар мешавем моҳи октябри соли равон дар Шабакаи аввали Русия мавсими 10 -уми намоиши телевизионии вокалии "Голос" оғоз ёфт.