Арӯс дар тӯй 60 кило тиллои ороишӣ дошт - видео

© Sputnik / Стас ЭтвешДорогие украшения богатых женщин в средней Азии на рубеже XIX и XX веков
Дорогие украшения богатых женщин в средней Азии на рубеже XIX и XX веков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2021
Обуна шудан
Тило маҳри арӯс буд, ки одатан аз ҷониби оилаи домод пардохт мешуд. Духтар тамоми ороишҳоро дар тӯяш ба бар кардааст
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Дар Чин як арӯс 60 кило тилло ба бар кард, ки онро домод ҳадя кардааст, хабар медиҳад "Timesnownews.com".
Ин ҳодиса дар музофоти Ҳубейи Чин рух додааст.
Тило маҳри арӯс будааст, ки одатан аз ҷониби домод пардохт мешавад. Наздиконаш ба духтар як ҷуфт дастбандҳои калон ва худи ӯ 60 гарданбанди гаронбаҳо, ки вазни ҳар кадомаш як кило будааст, ҳадя кардааст.
Арӯс тамоми тилоҳоро дар рӯзи тӯй пӯшидааст, аммо аз сабаби вазнин буданашон ӯ мустақилона ҳаракат карда наметавонист ва танҳо бо ёрии домод роҳ мерафт.
Аксҳо аз тӯйи ғайриоддӣ дар байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Чин ва Ҳиндустон зуд паҳн шуданд.
Ҷазои сокини Хатлон барои таҳияи се ғизо дар тӯй
Тибқи урфу одоти чиниҳо, хешовандони арӯс барои розигии издивоҷ 200 ҳазор юан (31 ҳазор доллар) ва як хона талаб мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0