https://sputnik.tj/20211015/voli-badakhshon-hol-tain-1042895980.html
"Яке пайдо шуду рафт": Волии Бадахшон то ба ҳол таъйин нашудааст
"Яке пайдо шуду рафт": Волии Бадахшон то ба ҳол таъйин нашудааст
Sputnik Тоҷикистон
Бо гузашти беш аз даҳ рӯз аз барканории Мавлавӣ Амонуддин Мансур, волии қаблии Бадахшон “Толибон”* то ба ҳол ҳеҷ касеро ба ҷои ӯ муаррифӣ накардаанд 15.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-15T17:00+0500
2021-10-15T17:00+0500
2021-10-15T19:08+0500
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042683774_0:94:1000:657_1920x0_80_0_0_87a005737612d64818f128461a20c7ff.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Як мақомдори паштун, ки аз ӯ волии ояндаи Бадахшон ном мебурданд, баъди пайдо шудани сарусадоҳо расман муаррифӣ нашуд ва курсии волӣ дар ин вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳанӯз холист, хабар доданд манобеи Sputnik Тоҷикистон. Мавлавӣ Амонуддин, волии пешини Бадахшонро муовини фармондеҳи горнизони Мазори Шариф таъйин карданд ва Мавлавӣ Шамсуддин Паҳлавон, як фармондеҳи дигари “Толибон”* дар Бадахшон, ки даъвои курсии волиро дошт, муовини вазири кишоварзӣ таъйин шуд. Бино ба ёфтаҳои иттилоотии Sputnik Тоҷикистон, қарор аст, ба курсии волии Бадахшон як паштуни зодаи Чаҳордараи вилояти Кундуз нишинад, аммо ӯ то ҳол расман муаррифӣ нашудааст. “Рӯзи 10-уми октябр ин фард бо иттифоқи Мавлавӣ Нуриддин Амир ва Мавлавӣ Ока, волиёни Тахору Кундуз ба Ишкошим, вулусволии ҳаммарз бо Тоҷикистон рафта, шаб он ҷо монд ва рӯзи дигар ба Файзобод баргашт. Аммо вақте тақаррурии ӯ ба забонҳо уфтод, сарусадоҳо пайдо шуданд, ки “Толибон”* тоҷиконро пас зада, ба ҷои ӯ паштунро овардааст", - изҳор дошт манбаъ. Ӯ афзуд, ки шояд ин ҳассосият аст, ки ӯ муаррифӣ нашудаву дар дафтари вилоят ҳам ҳузур надорад. Дар ин миён, овозаи тақаррури Мавлавӣ Наҷибуллоҳи Ҳаққонӣ, маъруф ба Мавлавӣ Наҷиби Роғӣ, яке дигар аз фармондеҳони матраҳи “Толибон”* дар Бадахшон доман паҳн кард, ки номзадиаш аз сӯйи “Толибон”* рад шудааст. Бадахшон бузургтарин вилояти Афғонистон буда, дар қисмати шимолу шарқии он ҷойгир аст ва аз шимол бо вилоятҳои Хатлону Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз аст. Бино ба гузоришҳо, дар ин вилоят солҳо ба ин сӯ ҷангиёни созмонҳои террористии марбути кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва Чин пойгоҳ эҷод намуда, фаъолият мекунанд.* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20211015/putin-shinokht-tjlibon-1042893299.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042683774_0:0:1000:750_1920x0_80_0_0_f3c544262e271d46e5dc6dfc9449a532.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон
"Яке пайдо шуду рафт": Волии Бадахшон то ба ҳол таъйин нашудааст
17:00 15.10.2021 (Навсозишуда: 19:08 15.10.2021) Бо гузашти беш аз даҳ рӯз аз барканории Мавлавӣ Амонуддин Мансур, волии қаблии Бадахшон “Толибон”* то ба ҳол ҳеҷ касеро ба ҷои ӯ муаррифӣ накардаанд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Як мақомдори паштун, ки аз ӯ волии ояндаи Бадахшон ном мебурданд, баъди пайдо шудани сарусадоҳо расман муаррифӣ нашуд ва курсии волӣ дар ин вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳанӯз холист, хабар доданд манобеи Sputnik Тоҷикистон.
Мавлавӣ Амонуддин, волии пешини Бадахшонро муовини фармондеҳи горнизони Мазори Шариф таъйин карданд ва Мавлавӣ Шамсуддин Паҳлавон, як фармондеҳи дигари “Толибон”* дар Бадахшон, ки даъвои курсии волиро дошт, муовини вазири кишоварзӣ таъйин шуд.
Бино ба ёфтаҳои иттилоотии Sputnik Тоҷикистон, қарор аст, ба курсии волии Бадахшон як паштуни зодаи Чаҳордараи вилояти Кундуз нишинад, аммо ӯ то ҳол расман муаррифӣ нашудааст.
“Рӯзи 10-уми октябр ин фард бо иттифоқи Мавлавӣ Нуриддин Амир ва Мавлавӣ Ока, волиёни Тахору Кундуз ба Ишкошим, вулусволии ҳаммарз бо Тоҷикистон рафта, шаб он ҷо монд ва рӯзи дигар ба Файзобод баргашт. Аммо вақте тақаррурии ӯ ба забонҳо уфтод, сарусадоҳо пайдо шуданд, ки “Толибон”* тоҷиконро пас зада, ба ҷои ӯ паштунро овардааст", - изҳор дошт манбаъ.
Ӯ афзуд, ки шояд ин ҳассосият аст, ки ӯ муаррифӣ нашудаву дар дафтари вилоят ҳам ҳузур надорад.
Дар ин миён, овозаи тақаррури Мавлавӣ Наҷибуллоҳи Ҳаққонӣ, маъруф ба Мавлавӣ Наҷиби Роғӣ, яке дигар аз фармондеҳони матраҳи “Толибон”* дар Бадахшон доман паҳн кард, ки номзадиаш аз сӯйи “Толибон”* рад шудааст.
Бадахшон бузургтарин вилояти Афғонистон буда, дар қисмати шимолу шарқии он ҷойгир аст ва аз шимол бо вилоятҳои Хатлону Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз аст. Бино ба гузоришҳо, дар ин вилоят солҳо ба ин сӯ ҷангиёни созмонҳои террористии марбути кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва Чин пойгоҳ эҷод намуда, фаъолият мекунанд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия