Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

"Толибон"* Додгоҳи Олии Афғонистонро таъсис дод

© Sputnik / Руслан КривобокМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Обуна шудан
Абдул Ҳаким Ҳаққонӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси Додгоҳи Олӣ ва Муҳаммад Қосими Туркман муовини аввали ӯ таъйин шудаанд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. "Толибон"* аз таъсиси Додгоҳи Олӣ дар Афғонистон хабар дод, гузориш медиҳад "Aamaj News" дар "Twitter".
Бино ба навиштаи манбаъ, Абдул Ҳаким Ҳаққонӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси Додгоҳи Олӣ ва Муҳаммад Қосими Туркман муовини аввали ӯ таъйин шудааст.
Ҳамчунин номи муовини дувуми қозӣ низ маълум шуд, ки Мавлавӣ Абдулмалик будааст.
Ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон аввали моҳи сентябр эълон шуд. Онро Муҳаммад Ҳасан Охунд сарварӣ мекунад, ки дар замони ҳукмронии аввали "Толибон"* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Члены движения Талибан присутствующие на втором дне переговоров внутриафганского диалога - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Ҳукумати паштуншумул": тору пуди ҳукумате, ки "Толибон"* эълон карданд
Сарфи назар аз тақозои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон он таъсис нашудааст. Аксари вазифадорони ҳукумати нав намояндагони қавми пашту мебошанд.
Вазъ дар Афғонистон моҳи июн, баробари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хурӯҷи контингенти низомии Амрико аз Афғонистон, "Толибон"* тамоми шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол карданд.
Ҳамзамон, ҷангҷӯён кафолат доданд, ки нияти ҳамла ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказиро надоранд.
* - созмони террористии Тоҷикистон ва Русия мамнуъ
Лентаи хабарҳо
0