https://sputnik.tj/20211015/sodirot-afzoishi-hajm-nomgu-mahsulot-khujand-1042891582.html
Содирот ба 16 кишвар: афзоиши ҳаҷму номгӯ ва содироти маҳсулот аз Хуҷанд
Содирот ба 16 кишвар: афзоиши ҳаҷму номгӯ ва содироти маҳсулот аз Хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз афзоиши номгӯ ва содироти маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ хабар дод
2021-10-15T16:09+0500
2021-10-15T16:09+0500
2021-10-15T18:58+0500
дар тоҷикистон
саноат
хуҷанд
зиёд шуд
маҳсулот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102844/55/1028445582_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_476c4a4dc6d53ba05a6d1e7c683fa99e.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Қаблан хабар дода шуд, ки теъдоди корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ва истеҳсолот коҳиш ёфтааст. Маъмури Юсуфзод, сухангӯи ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маҳсулоти саноатӣ, ба шумули истеҳсол ва фурӯши обу барқ ба маблағи 985,8 миллион сомонӣ истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 миллион сомонӣ бештар аст. “Аз ин миқдор ба маблағи 249,1 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 126,0 фоизро ташкил дода, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад”, - гуфт Маъмури Юсуфзод. Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра 15 корхонаи нави калону миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазгардида ба кор даромаданд. Таъкид шуд, ки шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 179 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби ин корхонаҳои нав ба маблағи зиёда аз 19 миллилон сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва 164 шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд. "Ҳудуди 71 адад корхонаи хурду калон маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба маблағи 410,8 млн. сомонӣ истеҳсол карданд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 97,8 млн. сомонӣ ё 31,2 фоиз бештар аст”, - гуфт сухангӯи ҳукумати шаҳри Хуҷанд. Вай гуфт, дар ин давра номгӯи маҳсулоти асосии истеҳсолшаванда низ 26 намуд зиёд шуда, ба 130-то расид ва аз онҳо истеҳсоли 87 намуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 100,0 фоиз таъмин шуд. “Маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба 16 давлати хориҷӣ, қабл аз ҳама Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак-ул-манофеъ содир карда мешавад. “Онҳо маргарин, ранг ва қумпардозии минералӣ, меваи хушк, либоси варзишӣ, либоси ҳарбӣ, ноқилҳои электрикӣ ва дару тирезаҳои муосирро шомил мешаванд”, - гуфт Маъмури Юсуфзод. Хуҷанд, маркази вилояти Суғд яке шаҳрҳои саноатии Тоҷикистон буда, ҳудуди 50 дарсади маҳсулоти саноати вилоятро тавлид мекунад. Дар навбати худ вилояти Суғд 40%-и маҳсулоти саноатии Тоҷикистон истеҳсол мекунад.
https://sputnik.tj/20211015/khujand-korkhona-bekor-1042878190.html
https://sputnik.tj/20211014/tojikiston-turkiya-gardish-mol-1042822222.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102844/55/1028445582_105:0:2772:2000_1920x0_80_0_0_090c0d381f817ca9b412075c13e333fc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳукумат, хуҷанд, номгӯ, маҳсулот, саноат, афзоиш
ҳукумат, хуҷанд, номгӯ, маҳсулот, саноат, афзоиш
Содирот ба 16 кишвар: афзоиши ҳаҷму номгӯ ва содироти маҳсулот аз Хуҷанд
16:09 15.10.2021 (Навсозишуда: 18:58 15.10.2021) Ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз афзоиши номгӯ ва содироти маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Қаблан хабар дода шуд, ки теъдоди корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ва истеҳсолот коҳиш ёфтааст.
Маъмури Юсуфзод, сухангӯи ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маҳсулоти саноатӣ, ба шумули истеҳсол ва фурӯши обу барқ ба маблағи 985,8 миллион сомонӣ истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 миллион сомонӣ бештар аст.
“Аз ин миқдор ба маблағи 249,1 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 126,0 фоизро ташкил дода, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад”, - гуфт Маъмури Юсуфзод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра 15 корхонаи нави калону миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазгардида ба кор даромаданд. Таъкид шуд, ки шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 179 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби ин корхонаҳои нав ба маблағи зиёда аз 19 миллилон сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва 164 шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.
"Ҳудуди 71 адад корхонаи хурду калон маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба маблағи 410,8 млн. сомонӣ истеҳсол карданд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 97,8 млн. сомонӣ ё 31,2 фоиз бештар аст”, - гуфт сухангӯи ҳукумати шаҳри Хуҷанд.
Вай гуфт, дар ин давра номгӯи маҳсулоти асосии истеҳсолшаванда низ 26 намуд зиёд шуда, ба 130-то расид ва аз онҳо истеҳсоли 87 намуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 100,0 фоиз таъмин шуд.
“Маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба 16 давлати хориҷӣ, қабл аз ҳама Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак-ул-манофеъ содир карда мешавад.
“Онҳо маргарин, ранг ва қумпардозии минералӣ, меваи хушк, либоси варзишӣ, либоси ҳарбӣ, ноқилҳои электрикӣ ва дару тирезаҳои муосирро шомил мешаванд”, - гуфт Маъмури Юсуфзод.
Хуҷанд, маркази вилояти Суғд яке шаҳрҳои саноатии Тоҷикистон буда, ҳудуди 50 дарсади маҳсулоти саноати вилоятро тавлид мекунад. Дар навбати худ вилояти Суғд 40%-и маҳсулоти саноатии Тоҷикистон истеҳсол мекунад.