Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Путин гуфт, ки муҳоҷири корӣ дар Русия бояд чиро донад

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Обуна шудан
Владимир Путин қайд кард, ки шаҳрвандони кишварҳои дигари ИДМ, ки барои кор ба Русия меоянд, бояд забони русиро донанд ва чӣ будани ин кишварро дарк кунанд.
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки "забони русӣ нерӯи муттаҳидкунанда аст, фазои ягонаи тамаддуниро дар қаламрави ИДМ таъмин мекунад".
Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ президент қайд кард, ки муҳоҷирони корие, ки ба Федератсияи Русия меоянд, бояд ҳадди ақал забони русиро донанд, чӣ будани кишварро дарк кунанд.

"Дар ҳақиқат кишварҳои муштарак-ул-манофеъ муштаракоти зиёде доранд. Ин як таърихи муштарак, решаҳои маънавӣ, бо ҳам пайвастаии амиқи фарҳангҳо, урфу одат ва албатта, забони русӣ аст", - таъкид кард раҳбари Русия.

"Мо ҳама мефаҳмем ва медонем, ки дар Русия аз кишварҳои иттиҳод чанд муҳоҷири корӣ кор мекунад. Ҳам барои шумо ва ҳам барои мо муҳим аст, ки одамон мутобиқ ва ба осонӣ ба зиндагии оддии Русия ворид шаванд", - таъкид кард президенти Русия.
Илова бар ин ӯ афзуд, ки муҳоҷирони корӣ бояд фарҳанги Русия, равобити мардуми ин кишвар ва Иттиҳоди Шӯравии пешинро донанд.
Вай қайд кард, ки интегратсия на танҳо маънои пулкоркунӣ, балки зиндагии пурра дар як кишварро дорад.
Лентаи хабарҳо
0