Мулоқоти ваколатдор бо аъзои зиндонии ҲНИТ: шарҳи шиканҷа ва норозигӣ аз ҳукми додгоҳ

© PixabayТюремная вышка, архивное фото
Тюремная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Обуна шудан
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, аъзои зиндонии ҲНИТ шиканҷаи бераҳмона шуданашонро рад карда, танҳо аз ҳукми додгоҳ изҳори норозигӣ карданд
ДУШАНБЕ, 15 окт – Sputnik. Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Вазорати адлияи боздид карда, бо бархе аз аъзои зиндонии Ҳизби мамнии наҳзати исломии Тоҷикистон, ки қаблан хабарҳо дар бораи шиканҷаашон нашр шуда буд, мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ,боздиди Умед Бобозода аз зиндон рӯзи 13-уми октябр сурат гирифтааст.
Ҳангоми боздид ваколатдор бо тартиб ва қоидаҳои нигоҳдошти маҳкумшудагоне, ки дар ин муассиса адои ҷазо менамоянд, шинос шуд Ҳамчунин аз шароити моддӣ ( хӯрок, либос, ҷои хоб), шароити санитарӣ, хидматрасонии тиббии муассиса дидан намуд, афзудааст манбаъ.
Хикматулло Сайфуллозода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Вазорати адлия гуфт, Сайфуллоҳзодаро узви гурӯҳи Раҳмон Гитлер латукӯб кард
Дар бораи шароити нигоҳдории маҳкумшудадагон ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон суҳбатҳои алоҳида низ гузаронидааст.

"Аз ҷумла, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо дар ВАО хабарҳо оид ба мавриди муносибати бераҳмона қарор гирифтанашон нашр шуда буд, шахсан вохӯрӣ намуд. Дар рафти суҳбат маҳкумшудагон Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб ва Давлатов Абдуқаҳҳор иброз намуданд, ки онҳо мавриди муносибати бераҳмона қарор дода нашудаанд", - афзудааст манбаъ.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода бошад, дар суҳбат бо ваколатдор гуфтааст, ки ӯ аз ҷониби кормандон мавриди латукӯб қарор нагирифтааст, балки байни ӯ ва дигар маҳкумшуда муноқиша сар задааст ва ин қазия хусусияти сиёсӣ надорад.
Аъзои зиндонии ҲНИТ аз ҳукми суд норозигӣ баён намуда, гуфтаанд, ки нисбати ҳукми додгоҳ ба мақомотҳои дахлдори давлатӣ барои аз нав баррасӣ намудани парвандаашон муроҷиат намудаанд.
"Умуман дар рафти суҳбат маҳкумшудагон аз шароити нигоҳдорӣ, либос, хӯрок ва муносибати кормандони муассиса изҳори миннатдорӣ намуданд", - гуфтааст манбаъ.
Гуфта мешавад, боздидҳои ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз чунин муассисаҳо идома меёбад.
Лентаи хабарҳо
0