https://sputnik.tj/20211015/havo-tojikiston-mardum-hayrat-1042884231.html
Ҳавои рӯзҳои истироҳати Тоҷикистон мардумро ба ҳайрат мегузорад
Ҳавои рӯзҳои истироҳати Тоҷикистон мардумро ба ҳайрат мегузорад
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷашни қадимии тоҷикон - Меҳргон, ки охири ҳафта дар саросари кишвар таҷлил мешавад, осмони Тоҷикистон софу беғубор хоҳад шуд
2021-10-15T13:16+0500
2021-10-15T13:16+0500
2021-10-15T17:51+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
истироҳат
таътил
ҳавои сард
гарм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/12/1032110854_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_9d50b23a3f4ba8c711da537798301e15.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон аз гармтарин рӯзҳои моҳи октябр хоҳад буд. Ҳарорати ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад Ожонсии ҳавошиносии кишвар.Ҳавои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ камабр, вале бебориш намешавад. Шабона ҳарорати ҳаво 5-7 гарм, рӯзона + 23 °C мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ шабона аз -1 то - 4 ° C, рӯзона + 21 ° C пешгӯӣ шудааст.Ҳавои шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд низ муътадил аст. Бориш дар назар нест - рӯзона аз +21 то + 23 ° C ва шабона + 5 то +7 °C гуфта мешавад. Дар кӯҳҳо то 1 ° С сардӣ пешбинӣ мешавад.Дар вилояти Хатлон рӯзона ҳаво дар водиҳо то + 27 ° C ва шабона аз 6 то 11 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво офтобӣ ва хушк хоҳад буд. Дар доманакӯҳҳо ҳаво 5 дараҷа сардтар пешбинӣ шудааст. Агар рӯзи шанбе, 16 октябр ҳавои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то + 19 °C ва абрӣ бошад, рӯзи якшанбе бориш сар мешавад. Дар водиҳо ҳаво шабона 3-5 , рӯзона 20-22 гарм мешавад. Дар ноҳияи Мурғоб барфи тар меборад, боди сабук мевазад, шабона -4 ...- 6 ° C ва рӯзона + 8-10 ° C мешавад, аммо дар шарқи ВМКБ, дар баъзе ҷойҳо шабона, -13 °C ва рӯзона аз 5 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20211015/emomali-rahmon-tojikistoniyonro-ba-idi-mehrgon-tabrik-kard-1042876892.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/12/1032110854_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_0dc360eb904e198b75cefbb41a70de76.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, рӯзҳои истироҳат, ҳаво, номусоид
тоҷикистон, рӯзҳои истироҳат, ҳаво, номусоид
Ҳавои рӯзҳои истироҳати Тоҷикистон мардумро ба ҳайрат мегузорад
13:16 15.10.2021 (Навсозишуда: 17:51 15.10.2021) Осмони Тоҷикистон рӯзи ҷашни қадимии тоҷикон - Меҳргон, ки охири ҳафта дар саросари кишвар таҷлил мешавад, софу беғубор хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон аз гармтарин рӯзҳои моҳи октябр хоҳад буд. Ҳарорати ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад,
хабар медиҳад Ожонсии ҳавошиносии кишвар.
Ҳавои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ камабр, вале бебориш намешавад. Шабона ҳарорати ҳаво 5-7 гарм, рӯзона + 23 °C мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ шабона аз -1 то - 4 ° C, рӯзона + 21 ° C пешгӯӣ шудааст.
Ҳавои шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд низ муътадил аст. Бориш дар назар нест - рӯзона аз +21 то + 23 ° C ва шабона + 5 то +7 °C гуфта мешавад. Дар кӯҳҳо то 1 ° С сардӣ пешбинӣ мешавад.
Дар вилояти Хатлон рӯзона ҳаво дар водиҳо то + 27 ° C ва шабона аз 6 то 11 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво офтобӣ ва хушк хоҳад буд. Дар доманакӯҳҳо ҳаво 5 дараҷа сардтар пешбинӣ шудааст.
Агар рӯзи шанбе, 16 октябр ҳавои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то + 19 °C ва абрӣ бошад, рӯзи якшанбе бориш сар мешавад. Дар водиҳо ҳаво шабона 3-5 , рӯзона 20-22 гарм мешавад.
Дар ноҳияи Мурғоб барфи тар меборад, боди сабук мевазад, шабона -4 ...- 6 ° C ва рӯзона + 8-10 ° C мешавад, аммо дар шарқи ВМКБ, дар баъзе ҷойҳо шабона, -13 °C ва рӯзона аз 5 дараҷа гарм мешавад.