Ҳашт муштзани тоҷик барои унвони қаҳрамонӣ ва 100 ҳазор доллар зӯрозмоӣ мекунанд

© Sputnik / Стас ЭтвешБоксерские перчатки, архивное фото
Боксерские перчатки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Обуна шудан
Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни мардон ҳашт варзишкор намояндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гуфт, дар 11-умин Чемпионати бокси ҷаҳон дар шаҳри Белград ҳашт варзишгари тоҷик зӯрозмоӣ менамоянд.
Сабқати мазкур аз 24 октябр то 6 ноябр бо иштироки 650 варзишгар аз 105 давлати дунё баргузор мегардад, хабар додаст Анҷумани Байналмилалии Бокси Ҳаваскорӣ (AIBA).
Феҳрасти намояндагони Тоҷикистон Хисравхон Раҳимов, (57кг), Абдураҳмон Ёқубов (60кг), Баҳодур Усмонов (63.5кг), Саидикром Амонов (67кг), Абдумалик Болтаев (75кг), Шаббос Негматуллоев (80кг), Парвиз Каримов (92кг) ва Ҷаҳон Қурбоновро дар вазни беш аз 92 кило шомил мешавад.
Спортивный праздник московской полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Замон ва макони чемпионати ҷаҳон дар риштаи бокс маълум шуд
Варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев ва Хуршед Ҷӯраев ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳамчунин довари дараҷаи олимпӣ аз Тоҷикистон Мансур Муҳиддинов сабқатҳои ҷаҳониро ҳакамӣ менамояд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки барои аввалин бор дар таърихи 75-солаи Анҷумани Байналмилалии Бокси Ҳаваскорӣ (AIBA) муштзанҳо дар баробари медал ҷоиза низ мегиранд.
Аз ҷумла барои барандагони медалҳои тилло 100 ҳазор доллар мукофот муайян шудааст. Барандагони медали нуқра 50 ҳазор доллар ва соҳибони медалҳои биринҷӣ дар ҳар вазн 25 ҳазор доллариро соҳиб хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0