https://sputnik.tj/20211015/dehoti-tojikii-rusiya-video-mehmoni-muhojiron-1042884563.html
Деҳоти тоҷикии Русия - видео аз меҳмонии муҳоҷирон
Деҳоти тоҷикии Русия - видео аз меҳмонии муҳоҷирон
Sputnik Тоҷикистон
Сафҳаи ютубии "Урюк и клюква" гузорише дар мавриди деҳоти тоҷикнишини Русия таҳия кардааст 15.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-15T13:36+0500
2021-10-15T13:36+0500
2021-10-21T18:55+0500
муҳоҷират
тоҷик
муҳоҷир
деҳот
дар русия
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103000/57/1030005739_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_a2d031880cbb9a19d2b2ee9b268337b2.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Гузориш зери унвони "Деҳоти тоҷикӣ дар Русия" нашр шуда, муаллифон суол гузоштаанд, ки деҳоти Русия ба кӣ даркоранд. Муаллифон мегӯянд, дар ҳоле ки теъдоди аҳолӣ дар деҳоти Русия майл ба камшавӣ ниҳодааст, бисёре аз муҳоҷирон, аз ҷумла аз Тоҷикистон ин ҷойҳоро ҳамчун макони иқомати худ интихоб кардаанд. Таъкид шудааст, ки агар бархе муҳоҷирон хонаҳое харида, худро дар қайд мегузоранду баъд ба шаҳрҳо мераванд, бархе дигар дар ин деҳот ба эҳёи фаъолияти коргоҳҳои харобшуда иқдом менамоянду гурӯҳи дигар ба кишоварзию чорводорӣ машғул мешаванд. Аз ҷумла муаллифон меҳмони оилаҳои тоҷике шудаанд, ки деҳоти Русияро макони иқомати худ қарор додаанд. Бисёре аз сокинони бумӣ мегӯянд, бо ҳамсояҳои тоҷикашон мушкиле надоранд. Дар гузориш омадааст, ки зуҳури ксенофобия ё худ бегонабезорӣ метавонад монеи омезиши иҷтимоию фарҳангии тоҷикон дар Русия гардад, чун вақте муҳоҷирон муносибати бади сокинони бумиро бинанд, канорагирӣ хоҳанд карду омезишу ҳамгироӣ бо одоту фарҳанги маҳаллӣ ба кундӣ сурат хоҳад гирифт.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103000/57/1030005739_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_daa8619302a01cade5a3774aa5ff22dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, тоҷик, муҳоҷир, деҳот, дар русия
муҳоҷират, тоҷик, муҳоҷир, деҳот, дар русия
Деҳоти тоҷикии Русия - видео аз меҳмонии муҳоҷирон
13:36 15.10.2021 (Навсозишуда: 18:55 21.10.2021) Сафҳаи ютубии "Урюк и клюква" гузорише дар мавриди деҳоти тоҷикнишини Русия таҳия кардааст
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Гузориш зери унвони "Деҳоти тоҷикӣ дар Русия" нашр шуда, муаллифон суол гузоштаанд, ки деҳоти Русия ба кӣ даркоранд.
Муаллифон мегӯянд, дар ҳоле ки теъдоди аҳолӣ дар деҳоти Русия майл ба камшавӣ ниҳодааст, бисёре аз муҳоҷирон, аз ҷумла аз Тоҷикистон ин ҷойҳоро ҳамчун макони иқомати худ интихоб кардаанд.
Таъкид шудааст, ки агар бархе муҳоҷирон хонаҳое харида, худро дар қайд мегузоранду баъд ба шаҳрҳо мераванд, бархе дигар дар ин деҳот ба эҳёи фаъолияти коргоҳҳои харобшуда иқдом менамоянду гурӯҳи дигар ба кишоварзию чорводорӣ машғул мешаванд. Аз ҷумла муаллифон меҳмони оилаҳои тоҷике шудаанд, ки деҳоти Русияро макони иқомати худ қарор додаанд.
Бисёре аз сокинони бумӣ мегӯянд, бо ҳамсояҳои тоҷикашон мушкиле надоранд. Дар гузориш омадааст, ки зуҳури ксенофобия ё худ бегонабезорӣ метавонад монеи омезиши иҷтимоию фарҳангии тоҷикон дар Русия гардад, чун вақте муҳоҷирон муносибати бади сокинони бумиро бинанд, канорагирӣ хоҳанд карду омезишу ҳамгироӣ бо одоту фарҳанги маҳаллӣ ба кундӣ сурат хоҳад гирифт.