https://sputnik.tj/20211014/vatan-afghonho-tolibon-firor-1042834869.html
Дур аз Ватан: Чӣ қадар афғонистонӣ аз "Толибон"* фирор кард
Дур аз Ватан: Чӣ қадар афғонистонӣ аз "Толибон"* фирор кард
Sputnik Тоҷикистон
СААД бар ин назар аст, ки афғонҳо бо ду сабаб - таъқиби ақаллиятҳои қавмӣ ва таҳдидҳои террористӣ, кишварро тарк мекунанд
2021-10-14T16:15+0500
2021-10-14T16:15+0500
2021-10-14T19:04+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
фирор
гурезаҳо
гурӯҳи террористии "толибон"
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103116/56/1031165600_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_f4866fd74704ec098ef57e21f6c950c6.jpg
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Зиёда аз се миллион шаҳрванди Афғонистон пас аз ишғоли қудрат дар ин ҷумҳурӣ аз ҷониби "Толибон"* ба Покистон ва Эрон фирор кардаанд. Сардори ситоди муштараки СААД Анатолий Сидоров зимни брифинге гуфт, ки ин рақам тақрибан даҳ фоизи шумораи умумии аҳолии ин кишварро ташкил медиҳад. Ӯ қайд кард, ки ним миллион нафар дар дохил муҳоҷир шудаанд. Ҳазорҳои дигар, ки бо Иёлоти Муттаҳида ҳамкорӣ мекарданд, ба Вашингтон рафтанд.Сидоров гуфт, мушкилоти муҳоҷирони афғонистонӣ дар моҳи сентябр, замоне ки "Толибон"* ба таври оммавӣ ба хориҷ кардани шиаҳо шуруъ кард, аҳамияти махсус пайдо кард. Хуруҷи паноҳандагон ба Осиёи Марказӣ аз сабаби ҷойивазкунии ақаллиятҳои қавмӣ ва афзоиши таҳдидҳои террористӣ ба вуҷуд омадааст. Илова бар ин намояндаи СПАД ишора кард, ки вазъи сангини башарӣ дар ин кишвар боиси нигаронии махсуси ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст.Сабаби ин 80 фоиз кам кардани таъминоти нуриҳои минералӣ ва 40 фоиз кам шудани ҳосил аст. Инчунин вазъи иқтисод, ки ба дастгирии молии дигар давлатҳо вобаста аст, бадтар мешавад. Дар айни замон роҳи қисми зиёде аз кумакҳо баста ва ҳисоби Ҳукумати Афғонистон дар хориҷ масдуд аст.* - созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211014/afghon-vorid-tojikiston-izhorot-yatimov-1042824729.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103116/56/1031165600_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_f81b43168b79adb1676ce552a922862a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ватан афғонҳо "толибон"* фирор
ватан афғонҳо "толибон"* фирор
Дур аз Ватан: Чӣ қадар афғонистонӣ аз "Толибон"* фирор кард
16:15 14.10.2021 (Навсозишуда: 19:04 14.10.2021) СААД бар ин назар аст, ки афғонистониҳо бо ду сабаб - таъқиби ақаллиятҳои қавмӣ ва таҳдидҳои террористӣ кишварро тарк мекунанд
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Зиёда аз се миллион шаҳрванди Афғонистон пас аз ишғоли қудрат дар ин ҷумҳурӣ аз ҷониби "Толибон"* ба Покистон ва Эрон фирор кардаанд.
Сардори ситоди муштараки СААД Анатолий Сидоров зимни брифинге гуфт, ки ин рақам тақрибан даҳ фоизи шумораи умумии аҳолии ин кишварро ташкил медиҳад.
Ӯ қайд кард, ки ним миллион нафар дар дохил муҳоҷир шудаанд. Ҳазорҳои дигар, ки бо Иёлоти Муттаҳида ҳамкорӣ мекарданд, ба Вашингтон рафтанд.
Сидоров гуфт, мушкилоти муҳоҷирони афғонистонӣ дар моҳи сентябр, замоне ки "Толибон"* ба таври оммавӣ ба хориҷ кардани шиаҳо шуруъ кард, аҳамияти махсус пайдо кард.
Хуруҷи паноҳандагон ба Осиёи Марказӣ аз сабаби ҷойивазкунии ақаллиятҳои қавмӣ ва афзоиши таҳдидҳои террористӣ ба вуҷуд омадааст.
Илова бар ин намояндаи СПАД ишора кард, ки вазъи сангини башарӣ дар ин кишвар боиси нигаронии махсуси ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст.
"Ба гуфтаи коршиносони СММ, тирамоҳи соли равон Афғонистонро гуруснагии оммавӣ таҳдид мекунад", - таъкид кард Сидоров.
Сабаби ин 80 фоиз кам кардани таъминоти нуриҳои минералӣ ва 40 фоиз кам шудани ҳосил аст. Инчунин вазъи иқтисод, ки ба дастгирии молии дигар давлатҳо вобаста аст, бадтар мешавад. Дар айни замон роҳи қисми зиёде аз кумакҳо баста ва ҳисоби Ҳукумати Афғонистон дар хориҷ масдуд аст.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон