Аз иқтисод то энергетика ва Афғонистон: мулоқоти Зокирзода бо Эрдуғон

© Глава Маджлиси намояндагон маджлиси оли РТМахмадтоир Зокирзода, глава Маджлиси намояндагон, нижняя палата парламента Таджикистана
Махмадтоир Зокирзода, глава Маджлиси намояндагон, нижняя палата парламента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Обуна шудан
Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар идомаи сафари корияш ба Анкара бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия мулоқот кард.
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Масоили иқтисоду тиҷорат, тандурустӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва рушду тавсеаи зерсохтҳои ҳамлу нақл, энергетикии дорои аҳамияти минтақаӣ аз мавзуоти меҳварии мулоқоти Зокирзода ва Эрдуғон буд, ки 13 октябр баргузор шуд, гуфт Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон
Тоҷикистон омодагии хешро барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ин соҳаҳо изҳор доштааст.
Ба таъкиди ҷонибҳо, дар шаш моҳи аввали соли 2021 гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия 186,6 млн доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нимсолаи соли гузашта 27,6 млн. доллари ИМА бештар мебошад ва дар назар аст, ки гардиши солона дар оянда ба 1 миллиард доллар расонида шавад.
Логистическая станция с контейнерами в Китае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Тоҷикистон ва Туркия гардиши молро ба як миллиард доллар мерасонанд
Ба гуфтаи Зокирзода, имрӯз бо сармоягузории муштарак ва ё танҳо туркӣ дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 90 корхона дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт фаъолият мекунанд.
Таъкид шудааст, ки ҷалби сармоягузоронӣ Туркия ба иқтисоди Тоҷикистон, истихроҷи муштараки захоири табиӣ ва маодин метавонад ба афзоиши тамоили рушди иқтисодӣ мусоидат кунад.
Масоили Афғонистон низ дар ин дидор баррасӣ шуда, ки Зокирзода гуфтааст, Тоҷикистон хостори субот дар ин кишвар буда, таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва фарогири манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, қавму миллатҳои сокини Афғонистонро, ки омили калидии истиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон аст, дастгирӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0