https://sputnik.tj/20211014/davat-saad-omodagi-khatar-afghoniston-1042836694.html
Таъкиди СААД ба омодагӣ то ҳадди ниҳоӣ барои рафъи хатарот аз Афғонистон
Таъкиди СААД ба омодагӣ то ҳадди ниҳоӣ барои рафъи хатарот аз Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ даъват кард, ки ба бад шудани вазъ дар Афғонистон то ҳадди ниҳоӣ бояд омода шуд
2021-10-14T17:10+0500
2021-10-14T17:10+0500
2021-10-14T19:37+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
осиёи марказӣ
саад
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042165027_0:52:1000:615_1920x0_80_0_0_698b09e91a43356fd43049a4e802c9c1.jpg
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Вазъият дар Афғонистон пас аз сари қудрат омадани "Толибон"* боиси афзоиши таҳдиди бесуботӣ дар Осиёи Марказӣ шуд ва эҳтимол дорад, бадтар шавад, гуфт генерал -полковник Анатолий Сидоров, сардори ситоди муштараки СПАД.Ба гуфтаи Сидоров, аксари кишварҳои хориҷӣ омодагии худро барои муколама бо "Толибон"* барои ба эътидол овардани вазъ нишон медиҳанд.Ба гуфтаи ӯ, аз тамоили расмии давлатҳои хориҷӣ метавон хулоса кард, ки онҳо маҷбуранд, бо "Толибон"* ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши ифротгароии минтақаӣ муколама анҷом диҳанд.Аввали моҳи август "Толибон"* ҳамлаҳои худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дод. 15 август ҷангиёни ин гурӯҳ қудрат дар ин кишварро ғасб ва баъдан ҳукумати худ дар Афғонистонро эълон кард, аммо то кунун ҳеҷ кишваре аз дунё давлати онҳоро ба расмият нашинохтааст.* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211014/yatimov-afghoniston-idm-tahdid-1042824148.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042165027_56:0:944:666_1920x0_80_0_0_281e5aa42d7c317403922daa79a69149.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даъват саад омодагӣ рафъи хатар афғонистон
даъват саад омодагӣ рафъи хатар афғонистон
Таъкиди СААД ба омодагӣ то ҳадди ниҳоӣ барои рафъи хатарот аз Афғонистон
17:10 14.10.2021 (Навсозишуда: 19:37 14.10.2021) Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ таъкид кард, ки дар посух ба ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон то ҳадди ниҳоӣ бояд омода буд
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Вазъият дар Афғонистон пас аз сари қудрат омадани "Толибон"* боиси афзоиши таҳдиди бесуботӣ дар Осиёи Марказӣ шуд ва эҳтимол дорад, бадтар шавад, гуфт генерал -полковник Анатолий Сидоров, сардори ситоди муштараки СПАД.
"Маҷмуи омилҳо ба афзоиши таҳдиди бесуботӣ дар минтақаи амнияти дастаҷамъӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад ва метавонад дар оянда боиси ташаннуҷи вазъ шавад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Сидоров, аксари кишварҳои хориҷӣ омодагии худро барои муколама бо "Толибон"* барои ба эътидол овардани вазъ нишон медиҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, аз тамоили расмии давлатҳои хориҷӣ метавон хулоса кард, ки онҳо маҷбуранд, бо "Толибон"* ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши ифротгароии минтақаӣ муколама анҷом диҳанд.
Аввали моҳи август "Толибон"* ҳамлаҳои худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дод. 15 август ҷангиёни ин гурӯҳ қудрат дар ин кишварро ғасб ва баъдан ҳукумати худ дар Афғонистонро эълон кард, аммо то кунун ҳеҷ кишваре аз дунё давлати онҳоро ба расмият нашинохтааст.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон