Боздошти ҷавоне, ки дар назди яке аз мактабҳои Маскав оташ кушод

© PixabayРужье на стене, архивное фото
Ружье на стене, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Обуна шудан
Дар назди яке аз мактабҳои Маскав ноболиғе дастгир шуд, ки гӯё тирпаронӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар Маскав дар пайи як тирпаронӣ дар назди яке аз мактабҳо ноболиғи 17-солае боздошт шуд, гузориш медиҳад ВКД.
Ба пулис дар бораи тирпаронӣ дар назди мактаби рақами 1265, ки дар хиёбони Ленин ҷойгир аст, зане хабар додааст, ки ҷавонеро шахси шубҳанок пиндоштааст.
Гуфта мешавад, ки ин ҷавон чанд соат дар паҳлуи муассисаи таълимӣ истода, сипас ба ҳавлии муассиса даромада ва оташ кушодааст.
Акции памяти погибших в Перми - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Ҳувияти шаш қурбонии тирпаронӣ дар Перм маълум шуд: ҷавонтарини онҳо 18 сол дошт
Дар робита ба ин хабар чанд мактаби Маскав низ муҳосира шуд.
Бино ба гузоришҳо, ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба дунбол надоштааст.
Чеҳраи ҳамлагарро дурбинҳо сабт кардаанд, вай дар тан камуфляж ва дар сар кулоҳ дошта, дастаи туфангаш аз дохили ҷузвдони сиёҳ намоён будааст.
Ҳамин тавр, пас аз ҷустуҷӯ мақомоти интизомии Маскав ҷавонеро боздошт кардаанд. Ӯ ноболиғи 17-солае будааст, ки мехостааст видеое барои гузоштан дар шабакаи иҷтимоии "Тик-ток" сабт кунад.
Лентаи хабарҳо
0