Тасмиму изҳороти "Бистгонаи бузург" дар мавриди Афғонистон

© AFP 2023 / Bulent KilicХазарейцы с бельем у пещерных домов в афганском Бамиане
Хазарейцы с бельем у пещерных домов в афганском Бамиане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Обуна шудан
Роҳбарони давлатҳои "Бистгонаи бузург" зимни ҳамоиши онлайнӣ изҳор доштанд, ки ҳукумати феълии "Толибон"*-ро эътироф намекунанд, чун ҳамашумул нест, аммо кумаки башариро ба Афғонистон ироа хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар ҳамоиши "Бистгонаи бузург" дар мавзуи Афғонистон бархе тасмиму дидгоҳҳое баён шуданд, ки Sputnik Афғонистон муҳимтарини онҳоро ҷамъ овардааст.
Ба иттилои манбаъ, давлатҳои "Бистгонаи бузург" таъкид намудаанд, ки мероси фарҳангӣ дар Афғонистон бояд ҳифз шавад.
Ба фаъолияти фурудгоҳи Кобул ва эҳёи парвозҳои байнишаҳрӣ дар Афғонистон мусоидат карда мешавад.
Муҳим хонда шудааст, ки барои занҳо бояд ҳаққи таҳсил кафолат дода шавад, то вазъияти 20 соли қабл барнагардад. Кумаки башарӣ ба Афғонистон таҳким меёбад, то аз фоҷиа ва мавҷи муҳоҷирон ҷилавгирӣ шавад.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Толибон"* нақшаҳои бузургашонро ошкор карданд
Инчунин зарур хонда шудааст, ки СММ бояд ба таври доимӣ дар Афғонистон ҳузур дошта бошад, "Толибон"* бояд робита бо созмонҳои террористии дигарро қатъ намояду бо онҳо мубориза барад.
Инчунин дар доираи ҳамоиш зикр шудааст, ки ИМА дороиҳои Афғонистонро барои ҳукумати "Толибон"* боз нахоҳад кард, аммо кумакҳо ба Афғонистон бештар хоҳанд шуд.
Аз ҷумла мувофиқа шудааст, ки Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии Афғонистон, аз ҷумла аз тариқи кишварҳои ҳамсоя беш аз 1 миллиард доллар ҷудо хоҳад кард. ИМА кумакашро ба андозаи 300 миллион доллар афзоиш хоҳад дод, Ҷопон беш аз 200 миллион доллар ироа хоҳад кард. Инчунин зикр шудааст, ки Чин ба маблағи 31 миллион доллар кумаки башариро ба Афғонистон ироа мекунад.
Вазъ дар Афғонистон баъди ғасби ҳукумат аз сӯйи "Толибон"* дар нимаи моҳи августи соли равон муташанниҷ шуда, мушкилоти зиёди иҷтимоию иқтисодӣ то ҳол ҳалношуда боқӣ мондаанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0