https://sputnik.tj/20211013/tahiya-loiha-tojikistonu-turkiya-harbi-ravodid-1042813293.html
Таҳияи 30 лоиҳаи созишномаи Тоҷикистону Туркия: аз ҳамкории ҳарбӣ то лағви раводид
Таҳияи 30 лоиҳаи созишномаи Тоҷикистону Туркия: аз ҳамкории ҳарбӣ то лағви раводид
Sputnik Тоҷикистон
Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, бо Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
2021-10-13T16:25+0500
2021-10-13T16:25+0500
2021-10-13T16:25+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
туркия
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0b/1032986026_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_92808ea6ef2cfb0647b6c22159b8c577.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт – Sputnik. Зокирзода дар мулоқот бо Човушоғлу изҳор дошт, ки ҳамкории дӯстонаи Тоҷикистону Туркия аз қаъри таърих реша мегиранд, хабар дод дафтари матбуотии парлумон.Ба иттилои манбаъ, раиси парлумони Тоҷикистон хостори талоши бештар барои таҳкими муносибатҳо шудаст.“Мо тамоми имконотро дорем, ки ҳамкории ҳамаҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва рушду беҳтар кардани зерсохторҳои нақлиётию энергетикии дорои аҳамияти минтақаӣ ба роҳ монем”, - изҳор доштаст Зокирзода.Ӯ зикр намудааст, ки феълан зиёда аз 70 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркия ба имзо расида, лоиҳаи 30 санади дигар дар дасти баррасӣ қарор дорад.Дар феҳрасти лоиҳаҳое, ки феълан мавриди баррасӣ қарор доранд, созишномаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Туркия дар бораи ҳамкории ҳарбӣ ном бурда шудааст.Лоиҳаи созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Туркия барои бекор кардани раводид аз санадҳои дигари баррасишавандаи миёни ҷонибҳо мебошад.Дар мулоқот таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд, тавсеаи шарикии дарозмуддат, то ҳадди шарикии стратегӣ бо Туркия аст.
https://sputnik.tj/20210907/vaziri-turkiya-etirofi-hukumati-tolibon-shitob-1042102695.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0b/1032986026_53:0:872:614_1920x0_80_0_0_39a4fa00bd7299036c89a8108d6f8909.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҳмадтоҳир зокирзода, раиси маҷлиси намояндагон, мавлуд човшоғлу
маҳмадтоҳир зокирзода, раиси маҷлиси намояндагон, мавлуд човшоғлу
Таҳияи 30 лоиҳаи созишномаи Тоҷикистону Туркия: аз ҳамкории ҳарбӣ то лағви раводид
Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 13 окт – Sputnik. Зокирзода дар мулоқот бо Човушоғлу изҳор дошт, ки ҳамкории дӯстонаи Тоҷикистону Туркия аз қаъри таърих реша мегиранд, хабар дод дафтари матбуотии парлумон.
Ба иттилои манбаъ, раиси парлумони Тоҷикистон хостори талоши бештар барои таҳкими муносибатҳо шудаст.
“Мо тамоми имконотро дорем, ки ҳамкории ҳамаҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва рушду беҳтар кардани зерсохторҳои нақлиётию энергетикии дорои аҳамияти минтақаӣ ба роҳ монем”, - изҳор доштаст Зокирзода.
Ӯ зикр намудааст, ки феълан зиёда аз 70 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркия ба имзо расида, лоиҳаи 30 санади дигар дар дасти баррасӣ қарор дорад.
Дар феҳрасти лоиҳаҳое, ки феълан мавриди баррасӣ қарор доранд, созишномаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Туркия дар бораи ҳамкории ҳарбӣ ном бурда шудааст.
Лоиҳаи созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Туркия барои бекор кардани раводид аз санадҳои дигари баррасишавандаи миёни ҷонибҳо мебошад.
Дар мулоқот таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд, тавсеаи шарикии дарозмуддат, то ҳадди шарикии стратегӣ бо Туркия аст.