Шоҳрух Юнусов дар Порис дар назди Раҳмон опера суруд - видео

Обуна шудан
Президенти Тоҷикистонро дар Порис дар баробари мақомдорони Фаронса намояндагони Тоҷикистон низ пешвоз гирифтанд
Дар наворе, ки хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон нашр кардааст, дида мешавад, ки кишвардори Тоҷикистонро дар Порис духтарони тоҷик бо гулдаста ва операсарои ҷавон Шоҳрух Юнусов бо опера истиқбол гирифтанд.
Таҳти навои суруди миллӣ: Раҳмонро расман кӣ дар Порис пешвоз гирифт?
Шоҳрух дар назди раисиҷумҳури Тоҷикистон сурудеро дар васфи Тоҷикистон иҷро кард. Аз навор дида мешавад, ки ин суруд мақбули ҳозирин, аз ҷумла президент шудааст. Онҳо бо кафкӯбиҳо заҳмати сарояндаро қадр карданд.
Ногуфта намонад, ки президенти Тоҷикистон рӯзи 12-уми октябр бо сафари дурӯза вориди Фаронса шуд. Интизор меравад, ки кишвардори Тоҷикистон дар ин сафари худ бо ҳамтои фаронсавиаш Эманнуэл Макрон ва дигар мақомдорони Фаронса дидору мулоқот кунад.
Шоҳрух Юнусов: раисҷумҳури Тоҷикистон роҳамро ба операи ҷаҳонӣ кушод
Бояд гуфт, Шоҳрух Юнусов аз операсароёни ангуштшумори ҷавон дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки бо дастгирии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Итолиё барои таҳсил фиристода шудааст.
Ӯ дар Итолиё дар мактабе таҳсил кардааст, ки оҳангсозони машҳуре чун Ҷакомо Пучини ва Ҷузеппе Верди омӯзишу парвариш ёфтаанд.
Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Шоҳрух гуфта буд, ки пас аз хатми донишгоҳ ба Тоҷикистон бозмегардад ва операи тоҷикро ба ҷаҳониён меаррифӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0