https://sputnik.tj/20211013/rusiya-shumora-ijozai-iqomat-kam-1042812601.html
Русия шумораи иҷозаи иқомати муваққатиро ду баробар кам мекунад
Русия шумораи иҷозаи иқомати муваққатиро ду баробар кам мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи қарори ҳукумати Русия соли 2022 танҳо ба 18 955 шаҳрвандони хориҷӣ иҷозаи иқомати муваққатӣ дода мешавад
2021-10-13T17:15+0500
2021-10-13T17:15+0500
2021-10-21T18:56+0500
муҳоҷират
муҳоҷир
кам
иҷозати зист
дар русия
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032619041_0:134:3051:1850_1920x0_80_0_0_a8c32aeddd043106706de38a5c2c2568.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Ҳукумати Русия додани иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ба хориҷиёнро дар соли 2022 ду баробар кам мекунад. Дар ин бора аз қарори ҳукумат, ки сарвазири кишвар Михаил Мишустин имзо кардааст, маълум аст.Тибқи фармон, дар соли 2022 ба хориҷиён 18955 иҷозат барои иқомати муваққатӣ дар Русия дода мешавад, дар ҳоле ки соли 2021 ба 39,325 нафар иҷозат дода мешуд. Қайд карда мешавад, ки шумораи бештари иҷозатномаҳо дар соли 2022 ба Маскав (1,5 ҳазор), вилояти Маскав (1250) ва Санкт-Петербург (600) дода мешавад. Дар Русия гирифтани шаҳрвандӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ осон мешавадМоҳи июли соли равон Вазорати корҳои дохилии Русия лоиҳаи қонунеро таҳия намуд, ки тибқи он, иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ дар Русия бекор шуда, онро як ҳуҷҷати ягонаи электронӣ (ID-card) иваз мекунад.
https://sputnik.tj/20211013/sabuk-sabt-donishjuyon-khorij-rusiya-1042799115.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032619041_90:0:2821:2048_1920x0_80_0_0_bbd40192859d539f56fc89121ce0a676.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иҷозаи иқомати муваққатӣ, русия, шаҳрвандӣ, коҳиш додан
иҷозаи иқомати муваққатӣ, русия, шаҳрвандӣ, коҳиш додан
Русия шумораи иҷозаи иқомати муваққатиро ду баробар кам мекунад
17:15 13.10.2021 (Навсозишуда: 18:56 21.10.2021) Тибқи қарори ҳукумати Русия, соли 2022 танҳо ба 18 955 шаҳрвандони хориҷӣ иҷозаи иқомати муваққатӣ дода мешавад
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Ҳукумати Русия додани иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ба хориҷиёнро дар соли 2022 ду баробар кам мекунад.
Дар ин бора аз қарори ҳукумат, ки сарвазири кишвар Михаил Мишустин имзо кардааст, маълум аст.
"Соли 2022 барои шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дар Русия 18 955 квота барои додани иҷозаи иқомати муваққатӣ муқаррар карда шавад", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Тибқи фармон, дар соли 2022 ба хориҷиён 18955 иҷозат барои иқомати муваққатӣ дар Русия дода мешавад, дар ҳоле ки соли 2021 ба 39,325 нафар иҷозат дода мешуд.
Қайд карда мешавад, ки шумораи бештари иҷозатномаҳо дар соли 2022 ба Маскав (1,5 ҳазор), вилояти Маскав (1250) ва Санкт-Петербург (600) дода мешавад.
Моҳи июли соли равон Вазорати корҳои дохилии Русия лоиҳаи қонунеро таҳия намуд, ки тибқи он, иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ дар Русия бекор шуда, онро як ҳуҷҷати ягонаи электронӣ (ID-card) иваз мекунад.