https://sputnik.tj/20211013/rasman-rahmon-dar-poris-peshvoz-1042805574.html
Таҳти навои суруди миллӣ: Раҳмонро расман кӣ дар Порис пешвоз гирифт?
Таҳти навои суруди миллӣ: Раҳмонро расман кӣ дар Порис пешвоз гирифт?
Sputnik Тоҷикистон
Ба хотири президенти Тоҷикистон дар Фаронса, горди фахрӣ саф кашид
2021-10-13T14:10+0500
2021-10-13T14:10+0500
2021-10-13T14:48+0500
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
фаронса
порис
пешвоз
истиқбол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042806601_196:538:2881:2048_1920x0_80_0_0_2efdc3528e3a5074b1b5925a298207f6.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти расмии пазироии меҳмонони олимақом дар саҳни фахрии Маҷмааи Артиши миллии Фаронса, истиқбол гирифта шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.Гуфта мешавад, ки барои баргузории ин чорабинӣ, парчамҳои ҳар ду давлат овезон карда шуда, Горди фахрӣ барои истиқболи меҳмони олиқадр саф кашид.Ҳамин тавр, Раҳмон аз назди сафи горди фахрӣ гузашта дар макони ифтихорӣ қарор гирифту сипас сурудҳои миллии ҳар ду давлат садо дод. Баъди анҷоми гузашти горди фахрӣ муаррифии ҳайатҳои расмии ду ҷониб сурат гирифт.Ногуфта намонад, ки дар доираи ин сафари расмӣ мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса Эманнуэл Макрон ва роҳбарони дигари воломақоми ин кишвар дар назар аст.
https://sputnik.tj/20211013/istiqbol-emomali-rahmon-poris-guzorishi-aksi-1042797993.html
фаронса
порис
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042806601_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_aed5a8a45c1c744510c6b6e9c4b3df64.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, порис, фаронса, пешвоз, сафари расмӣ
эмомалӣ раҳмон, порис, фаронса, пешвоз, сафари расмӣ
Таҳти навои суруди миллӣ: Раҳмонро расман кӣ дар Порис пешвоз гирифт?
14:10 13.10.2021 (Навсозишуда: 14:48 13.10.2021) Ба хотири президенти Тоҷикистон дар Фаронса горди фахрӣ саф кашид
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти расмии пазироии меҳмонони олимақом дар саҳни фахрии Маҷмааи Артиши миллии Фаронса, истиқбол гирифта шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки барои баргузории ин чорабинӣ, парчамҳои ҳар ду давлат овезон карда шуда, Горди фахрӣ барои истиқболи меҳмони олиқадр саф кашид.
Кишвардори Тоҷикистонро котиби давлатии Вазорати Урупо ва корҳои хориҷии Фаронса Жан-Батист Лемуан ва Генерал-лейтенанти мақомоти низомии шаҳри Порис Лоран Пронса истиқбол гирифтанд.
Ҳамин тавр, Раҳмон аз назди сафи горди фахрӣ гузашта дар макони ифтихорӣ қарор гирифту сипас сурудҳои миллии ҳар ду давлат садо дод.
Баъди анҷоми гузашти горди фахрӣ муаррифии ҳайатҳои расмии ду ҷониб сурат гирифт.
Ногуфта намонад, ки дар доираи ин сафари расмӣ мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса Эманнуэл Макрон ва роҳбарони дигари воломақоми ин кишвар дар назар аст.