Раҳимзода бо ҳамтоёнаш аз ИДМ аз мубориза бо қаллобии интернетию криптовалюта гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевРамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана
Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2021
Обуна шудан
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои ИДМ 14 масъаларо баррасӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз тариқи видеоконфронс афзалиятҳои кори мақомоти умури дохилӣ баррасӣ шудаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфт, вазирони умури дохилӣ ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ, аз ҷумла ташкили заминаҳои мубориза бар зидди ҷинояткориҳо аз тариқи интернетро ба миён гузоштаанд.
Аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот муқовимат бар зидди ҷинояткориҳо бо истифодаи технологияи блокчейн ва криптовалютаҳо будааст.
Совместная дистанционная встреча между Республикой Таджикистан, Туркменистаном и Австрийской Республикой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Мулоқоти генерал Раҳимзода бо мақомдорони Аврупо
"Тақвияти ҳамоҳангӣ барои ошкор намудани ҷиноятҳои технологӣ, аз қабили қаллобии интернетӣ ва ҳамкориҳо дар самти пешгирии шомилшавии ноболиғон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - омадааст дар иттилоияи ВУД Тоҷикистон. .
Масъалаи таҳияи лоиҳаи Барномаи чорабиниҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2024-2028 ва мубориза бо мошиндуздӣ низ аз мавзуъҳои дидори вазирони корҳои дохилии ИДМ будааст.
Ҷонибҳо барои коркарди тартиби қабул ва пешниҳоди маълумоте, ки дар махзани иттилоотии мақомоти умури дохилии давлатҳои ИДМ дар марвиди муқовимат бар зидди рабудани воситаҳои нақлиёт мавҷуд аст, созиш кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0