Нашри навори истиқболи Раҳмон дар Маҷмааи артиши миллии Фаронса - видео

Обуна шудан
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон навори истиқболи расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи артиши миллии Фаронсаро нашр кардааст
Тибқи расми пазироии меҳмонони олимақом дар саҳни фахрии Маҷмааи артиши миллии Фаронса горди фахрӣ саф ороста, Эмомалӣ Раҳмон ба саҳни ҳавлии Маҷмаа ҳозир шудаст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур афзуд, Эмомалӣ Раҳмонро котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса Жан-Батист Лемуан ва Генерал-лейтенанти мақомоти низомии шаҳри Порис Лоран Пронса истиқбол гирифтанд.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон ва мизбонҳо аз назди сафи горди фахрӣ гузашта, сурудҳои милии ҳар ду давлат садо доданд.
Дар пайи анҷоми гузашти горди фахрӣ муаррифии ҳайатҳои расмии ду ҷониб сурат гирифт.
Лентаи хабарҳо
0