https://sputnik.tj/20211013/insonho-bemasuliyat-nazar-korshinos-dar-bora-davatho-tahrim-rusiya-1042812450.html
“Инсонҳои бемасъулият”: Назари коршинос дар бораи даъватҳои ИМА барои таҳрими Русия
“Инсонҳои бемасъулият”: Назари коршинос дар бораи даъватҳои ИМА барои таҳрими Русия
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов аз талоши қонунгузорони Амрико дар бораи хароб кардани равобити ин кишвар бо Маскав хабар дод.
2021-10-13T16:45+0500
2021-10-13T16:45+0500
2021-10-13T16:56+0500
дар ҷаҳон
маскав
амрико
вашингтон
кремл
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102080/97/1020809785_0:134:3163:1913_1920x0_80_0_0_5223a118865b47bf75ccd5ce300306c6.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар ин зимн Павел Тарусин, сиёсатшинос дар суҳбат бо радиои Sputnik дар бораи мавзуи матраҳ ибрози назар кард.Сафири Русия дар Амрико пешниҳоди сенаторони амрикоӣ дар бораи таҳрими боз 35 нафар аз шаҳрвандони Русияро тавзеҳ дод.Ба қавли ӯ, ҳайратовар аст, ки Иёлоти Муттаҳида бо чӣ васвосе мехоҳад равобити Русия ва Амрикоро тахриб кунад.“Талоши ҷадид эҷоди маҳдудият барои 35 нафар бинобар баҳонаҳои беасос аст”, - гуфта мешавад дар шарҳи Антонов дар “Фейсбук”Ба назари ин дипломат, аз ин тариқ дар Капитоли мехоҳанд хаёли хоми “мубориза бо душманони Амрико”-ро, ки бофтаи худи онҳост, эҷод кунанд.Дар ҳамин ҳол устоди риштаи мудирияти давлатии Донишгоҳи давлатии Маскав Павел Тарусин ин амали амрикоиҳоро бемасъулиятӣ унвон кард.Ҳамчунин ин сиёсатшинос гуфт, сиёсати хориҷии Амрикоро раисҷумҳур муайян мекунад, на Кунгура."Кулли ин гуна суханрониҳои аъзои Кунгура ва сенаторони амрикоӣ шароите фароҳам меоранд ва он ҳам эҳтимол барои амалиёти Ҷо Байден дар равобити Русия ва Амрико аст. Аммо ақли солим, тавре мо мебинем, дар Амрико ғолиб хоҳад омад”, - афзуд Павел Тарусин.Ба қавли ин сиёсатшинос, Нуланд (ёвари муншии давлатии ИМА) музокиротеро иҷроӣ мекунад. “Бале, мушкил аст. Аммо музокирот идома пайдо мекунад. Фикр мекунам, иқдомоти созандае роҳандозӣ мешавад, чун чунин як амал ҳам ба манфиати Русия ва ҳам ба манфиати Амрикост. Вагарна ҳалли масоил дар сатҳи байналмилал бидуни дарки ҳамдигар мушкил аст”, - гуфт ӯ.
маскав
амрико
вашингтон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102080/97/1020809785_216:0:2947:2048_1920x0_80_0_0_330c731f606266a0be0b8b275a2e2a7a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амрико, русия, маскав, вашингтон, қасри сафед, кремл, таҳрим
амрико, русия, маскав, вашингтон, қасри сафед, кремл, таҳрим
“Инсонҳои бемасъулият”: Назари коршинос дар бораи даъватҳои ИМА барои таҳрими Русия
16:45 13.10.2021 (Навсозишуда: 16:56 13.10.2021) Сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов аз талоши қонунгузорони Амрико дар бораи хароб кардани равобити ин кишвар бо Маскав хабар дод.
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар ин зимн Павел Тарусин, сиёсатшинос дар суҳбат бо радиои Sputnik дар бораи мавзуи матраҳ ибрози назар кард.
Сафири Русия дар Амрико пешниҳоди сенаторони амрикоӣ дар бораи таҳрими боз 35 нафар аз шаҳрвандони Русияро тавзеҳ дод.
Ба қавли ӯ, ҳайратовар аст, ки Иёлоти Муттаҳида бо чӣ васвосе мехоҳад равобити Русия ва Амрикоро тахриб кунад.
“Талоши ҷадид эҷоди маҳдудият барои 35 нафар бинобар баҳонаҳои беасос аст”, - гуфта мешавад дар шарҳи Антонов дар “Фейсбук”
Ба назари ин дипломат, аз ин тариқ дар Капитоли мехоҳанд хаёли хоми “мубориза бо душманони Амрико”-ро, ки бофтаи худи онҳост, эҷод кунанд.
Дар ҳамин ҳол устоди риштаи мудирияти давлатии Донишгоҳи давлатии Маскав Павел Тарусин ин амали амрикоиҳоро бемасъулиятӣ унвон кард.
"Ин даъватҳо берун аз меъёранд. Чунин як амалро инсонҳои бемасъулият анҷом хоҳанд дод. Онҳо дар робита ба натоиҷи сиёсати хориҷӣ ҳеҷ масъулияте надоранд. Эшон ҳар чизе, ки ба забонашон омад, мегӯянд”, - гуфт ӯ.
Ҳамчунин ин сиёсатшинос гуфт, сиёсати хориҷии Амрикоро раисҷумҳур муайян мекунад, на Кунгура.
"Кулли ин гуна суханрониҳои аъзои Кунгура ва сенаторони амрикоӣ шароите фароҳам меоранд ва он ҳам эҳтимол барои амалиёти Ҷо Байден дар равобити Русия ва Амрико аст. Аммо ақли солим, тавре мо мебинем, дар Амрико ғолиб хоҳад омад”, - афзуд Павел Тарусин.
Ба қавли ин сиёсатшинос, Нуланд (ёвари муншии давлатии ИМА) музокиротеро иҷроӣ мекунад. “Бале, мушкил аст. Аммо музокирот идома пайдо мекунад. Фикр мекунам, иқдомоти созандае роҳандозӣ мешавад, чун чунин як амал ҳам ба манфиати Русия ва ҳам ба манфиати Амрикост. Вагарна ҳалли масоил дар сатҳи байналмилал бидуни дарки ҳамдигар мушкил аст”, - гуфт ӯ.