https://sputnik.tj/20211013/avrupo-osiyo-markazi-dushanbe-muloqot-1042798674.html
Вазирони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Душанбе мулоқот мекунанд
Вазирони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Душанбе мулоқот мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷониби Тоҷикистон интизор дорад, ки мулоқоти вазирони умури хориҷии кишварҳои аврупоӣ ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе таконе барои густариши ҳамкориҳо... 13.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-13T10:30+0500
2021-10-13T10:30+0500
2021-10-13T11:50+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
аврупо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/06/1032033613_0:54:3001:1742_1920x0_80_0_0_234921e2a6db25f494387b955df47770.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузориш аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо мақомдорони аврупоӣ изҳор дошт, ки дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор мешавад.Манбаъ замони мушаххасро ном набурдааст, аммо илова намуд, ки ин вохӯрӣ қарибулвуқуъ мебошад.Таъкид шудааст, ки ин мулоқот метавонад ба таҳкими ҳамкории ҷонибҳо такони нав бахшад.Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо мақомдорони Аврупо ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат, тавлиди саноатӣ, иқтисоди рақамӣ, инноватсия, таъмини амнияти озуқаворию энергетикӣ ва дигар бахшҳо баён доштааст.Феълан раисҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Эммануэл Макрон, президенти Фаронса бо сафари расмӣ дар Порис қарор дорад ва интизор меравад, ин сафар то 14 октябр идома ёбад.
https://sputnik.tj/20211013/istiqbol-emomali-rahmon-poris-guzorishi-aksi-1042797993.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/06/1032033613_142:0:2813:2003_1920x0_80_0_0_2d8b0812645bca12c7c0ddda8289169e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , эмомалӣ раҳмон, аврупо
дар тоҷикистон, сиёсат , эмомалӣ раҳмон, аврупо
Вазирони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Душанбе мулоқот мекунанд
10:30 13.10.2021 (Навсозишуда: 11:50 13.10.2021) Ҷониби Тоҷикистон интизор дорад, ки мулоқоти вазирони умури хориҷии кишварҳои аврупоӣ ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе таконе барои густариши ҳамкориҳо мешавад
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузориш аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо мақомдорони аврупоӣ изҳор дошт, ки дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор мешавад.
Манбаъ замони мушаххасро ном набурдааст, аммо илова намуд, ки ин вохӯрӣ қарибулвуқуъ мебошад.
Таъкид шудааст, ки ин мулоқот метавонад ба таҳкими ҳамкории ҷонибҳо такони нав бахшад.
Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо мақомдорони Аврупо ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат, тавлиди саноатӣ, иқтисоди рақамӣ, инноватсия, таъмини амнияти озуқаворию энергетикӣ ва дигар бахшҳо баён доштааст.
Феълан раисҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Эммануэл Макрон, президенти Фаронса бо сафари расмӣ дар Порис қарор дорад ва интизор меравад, ин сафар то 14 октябр идома ёбад.