https://sputnik.tj/20211012/toshiev-hukumat-qirghiziston-vazifai-nav-1042793125.html
Қамчибек Тошиев вазифаи нав гирифт
Қамчибек Тошиев вазифаи нав гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Девони вазирони Қирғизистон аз як раис, чор муовин ва 16 вазир иборат хоҳад буд
2021-10-12T18:38+0500
2021-10-12T18:38+0500
2021-10-12T20:07+0500
сиёсат
қирғизистон
осиёи марказӣ
тағйироти кадрӣ
қамчибек тошиев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/06/1039288691_0:0:1345:758_1920x0_80_0_0_39f2a322bd8e4e9687a360fc3e769550.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов эълом дошт, ки сохтор ва ҳайати нави Девони Вазиронро барои мувофиқа ба Жогорку Кенеш фиристодааст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.Девони нав, ки ба он Оқилбек Ҷабборов раҳбарӣ хоҳад кард, чаҳор муовин ва 16 вазир дорад.Муовини аввал Арзибек Кожошев хоҳад буд, ки феълан вазифаи раҳбарии Хадамоти назорати давлатии молиро бар дӯш дорад. Қабл аз ин ӯ ба ҳайси вазири иқтисод кор мекард ва вакили парлумон буд. Азиз Алиев ба ҳайси муовини аввали раиси Девони Вазирон кор мекард, аммо ҳоло муовини оддӣ таъйин шуд. Эдил Байсалов бошад, муовини нави нахуствазир таъйин шуд. Ӯ сафири Қирғизистон дар Бритониё мебошад.Муовини дигари раиси Девони Вазирон раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев хоҳад буд. Ҳоло маълум нест, ки ваколатҳои байни вакилон чӣ гуна тақсим карда мешаванд, аммо возеҳ аст, ки бори аввал дар тӯли солҳои зиёд масъули масъалаҳои иҷтимоӣ як мансабдори мард хоҳад буд. Дар ҳайати Девони Вузарои қаблӣ, ки имрӯз ба истеъфо фиристода шуд, ин вазифаро Жилдиз Бакашова иҷро мекард. Зимнан дар Девони нави вазирон танҳо як зан - вазири захираҳои табиӣ, экология ва назорати техникӣ Динара Кутманова мебошад. Қаблан вай раҳбари Кумитаи давлатии экология ва иқлим буд.Дар ҳайати нав вазирон Руслан Қазоқбоев, Эркинбек Осоев, Аскарбек Ҷонибеков, Доскул Бекмурзоев, Алимқодир Бейшеналиев, Болотбек Купешев, Бактибек Бекболотов, Улан Ниёзбеков ва Бообек Ажикеев курсиҳои худро ҳифз карданд.
https://sputnik.tj/20211012/jabborov-mushovir-tojik-barkanor-1042788723.html
https://sputnik.tj/20211012/jabborov-sarvazir-qirghiziston-1042788172.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/06/1039288691_58:0:1253:896_1920x0_80_0_0_4869d84269a4f6e90fa94872a0de62f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қамчибек тошиев, вазифаи нав, ҳукумати нав, қирғизистон
қамчибек тошиев, вазифаи нав, ҳукумати нав, қирғизистон
Қамчибек Тошиев вазифаи нав гирифт
18:38 12.10.2021 (Навсозишуда: 20:07 12.10.2021) Девони вазирони Қирғизистон аз як раис, чаҳор муовин ва 16 вазир иборат хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов эълом дошт, ки сохтор ва ҳайати нави Девони Вазиронро барои мувофиқа ба Жогорку Кенеш фиристодааст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Девони нав, ки ба он
Оқилбек Ҷабборов раҳбарӣ хоҳад кард, чаҳор муовин ва 16 вазир дорад.
Муовини аввал Арзибек Кожошев хоҳад буд, ки феълан вазифаи раҳбарии Хадамоти назорати давлатии молиро бар дӯш дорад. Қабл аз ин ӯ ба ҳайси вазири иқтисод кор мекард ва вакили парлумон буд.
Азиз Алиев ба ҳайси муовини аввали раиси Девони Вазирон кор мекард, аммо ҳоло муовини оддӣ таъйин шуд. Эдил Байсалов бошад, муовини нави нахуствазир таъйин шуд. Ӯ сафири Қирғизистон дар Бритониё мебошад.
Муовини дигари раиси Девони Вазирон раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев хоҳад буд.
Ҳоло маълум нест, ки ваколатҳои байни вакилон чӣ гуна тақсим карда мешаванд, аммо возеҳ аст, ки бори аввал дар тӯли солҳои зиёд масъули масъалаҳои иҷтимоӣ як мансабдори мард хоҳад буд. Дар ҳайати Девони Вузарои қаблӣ, ки имрӯз ба истеъфо фиристода шуд, ин вазифаро Жилдиз Бакашова иҷро мекард.
Зимнан дар Девони нави вазирон танҳо як зан - вазири захираҳои табиӣ, экология ва назорати техникӣ Динара Кутманова мебошад.
Қаблан вай раҳбари Кумитаи давлатии экология ва иқлим буд.
Дар ҳайати нав вазирон Руслан Қазоқбоев, Эркинбек Осоев, Аскарбек Ҷонибеков, Доскул Бекмурзоев, Алимқодир Бейшеналиев, Болотбек Купешев, Бактибек Бекболотов, Улан Ниёзбеков ва Бообек Ажикеев курсиҳои худро ҳифз карданд.