https://sputnik.tj/20211012/toqaev-vaz-afghoniston-foida-1042787330.html
Тоқаев ният дорад, аз вазъи Афғонистон "фоидаи калон" ба даст орад
Тоқаев ният дорад, аз вазъи Афғонистон "фоидаи калон" ба даст орад
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба эътидол овардани вазъ дар ҷумҳурии ҳамсоя манфиатдоранд
2021-10-12T16:40+0500
2021-10-12T16:40+0500
2021-10-12T19:35+0500
афғонистон
қазоқистон
осиё
қосим -жомарт тоқаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/06/1041456369_0:0:3241:1824_1920x0_80_0_0_057ccb4922701c00b442e4c5f66c414e.jpg
Аз вазъияти Афғонистон "фоидаи калон" гирифтан мумкин аст. Дар ин бора президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев зимни мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштироккунандаи Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё изҳор дошт. Ба гуфтаи сарвари Қазоқистон, кишварҳои ОМ дар ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон манфиатдоранд. Давлатҳои ҳамсоя метавонанд аз ин бартариҳои муайян ба даст оранд.Вай қайд кард, ки дар шароити кунунӣ Осиё ба "майдони асосии ҷанги геополитикӣ" табдил меёбад, аз ин рӯ Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бояд "пайкарбандии нави амният ҳамкорӣ ва шукуфоии умумӣ"-ро ташкил кунад. "Ман мутмаинам, ки асри XXI воқеан ба Осиё тааллуқ хоҳад дошт, агар мо тавонем равиши ягона ва созандаро таҳия кунем, масъулият ва уҳдадориҳои бузургро ба дӯш мегирем", - гуфт президенти Қазоқистон.Илова бар ин Тоқаев аз кишварҳои Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё даъват кард, ки бо иттиҳодияҳои иқтисодии минтақа ҳамкориро ба роҳ монанд. Ба унвони мисол, ӯ аз Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё, Анҷумани давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Ҳамкории Иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Оромро ёдовар шуд. Ба гуфти Тоқаев, чунин чораҳо ба давлатҳо имкон медиҳанд, ки устувории иқтисоди худро афзоиш диҳанд.
https://sputnik.tj/20210917/toqaev-oyandai-afghonistonro-chiguna-mebinad-1042325964.html
афғонистон
қазоқистон
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/06/1041456369_200:0:2931:2048_1920x0_80_0_0_3c1fb80832e00b27546d95baa2761ff0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоқаев афғонистон фоида осиё
тоқаев афғонистон фоида осиё
Тоқаев ният дорад, аз вазъи Афғонистон "фоидаи калон" ба даст орад
16:40 12.10.2021 (Навсозишуда: 19:35 12.10.2021) Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ба эътидол овардани вазъ дар ҷумҳурии ҳамсоя манфиатдоранд
Аз вазъияти Афғонистон "фоидаи калон" гирифтан мумкин аст. Дар ин бора президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев зимни мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштироккунандаи Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё изҳор дошт.
Ба гуфтаи сарвари Қазоқистон, кишварҳои ОМ дар ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон манфиатдоранд. Давлатҳои ҳамсоя метавонанд аз ин бартариҳои муайян ба даст оранд.
"Даъвати Қазоқистон оддӣ ва возеҳ аст - мо саъй дорем, ки ба манфиати бузург ноил шавем, на барои бозии бузург дар қалби Осиё", - таъкид кард Тоқаев.
Вай қайд кард, ки дар шароити кунунӣ Осиё ба "майдони асосии ҷанги геополитикӣ" табдил меёбад, аз ин рӯ Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бояд "пайкарбандии нави амният ҳамкорӣ ва шукуфоии умумӣ"-ро ташкил кунад.
"Ман мутмаинам, ки асри XXI воқеан ба Осиё тааллуқ хоҳад дошт, агар мо тавонем равиши ягона ва созандаро таҳия кунем, масъулият ва уҳдадориҳои бузургро ба дӯш мегирем", - гуфт президенти Қазоқистон.
Илова бар ин Тоқаев аз кишварҳои Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё даъват кард, ки бо иттиҳодияҳои иқтисодии минтақа ҳамкориро ба роҳ монанд. Ба унвони мисол, ӯ аз Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё, Анҷумани давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Ҳамкории Иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Оромро ёдовар шуд.
Ба гуфти Тоқаев, чунин чораҳо ба давлатҳо имкон медиҳанд, ки устувории иқтисоди худро афзоиш диҳанд.