https://sputnik.tj/20211012/sabt-aspduzdi-jamoati-doghiston-khatlon-1042786090.html
Аспдуздӣ дар ҷамоати Доғистони Шамсиддини Шоҳин: муттаҳам боздошт шуд
Аспдуздӣ дар ҷамоати Доғистони Шамсиддини Шоҳин: муттаҳам боздошт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, муттаҳам дар аспдуздиҳо, ки моҳи сентябр дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба қайд гирифта шуданд, боздошт гардидааст
2021-10-12T17:00+0500
2021-10-12T17:00+0500
2021-10-12T19:50+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дуздӣ
муттаҳам
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103010/30/1030103088_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_850ff8b93b1e5b39edcfc853c0218635.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. ВУД мегӯяд, бо иттиҳоми аспдуздиҳои моҳи сентябри соли равон марди 36-сола, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин боздошт гардидааст. Манбаъ зикр намуд, ки ба идораи милиса марди 50-сола, сокини деҳаи Чордараи ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин муроҷиат карда, арз доштааст, ки шаби 13 ба 14-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 24:00 шахсони номаълум аз чарогоҳи заминҳои деҳа асп ва тойчаашро дуздидаанд. Ҷабрдида зарари расонидашударо 10 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст. Инчунин боздоштшуда дар он айбдор мешавад, ки шаби 6 ба 7-уми сентябри соли 2021 аз чарогоҳи заминҳои ҷамоати деҳоти Доғистон, як сар асп ва тойчаи сокини дигари маҳаллиро дуздидааст. Зарари расида аз ҳолати дуюми дуздӣ 16 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан марди муттаҳам, ки қаблан низ барои дуздӣ маҳкум шудааст, боздошт гардида, тафтиши ин ҳодисаҳо идома дорад.
https://sputnik.tj/20211007/afvshuda-ozodi-habs-shud-taksi-video-1042698018.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103010/30/1030103088_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_0c5e952793b35da3164adf229bf813d1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
асп, дуздӣ, боздошт, муттаҳам, шамсиддин шоҳин
асп, дуздӣ, боздошт, муттаҳам, шамсиддин шоҳин
Аспдуздӣ дар ҷамоати Доғистони Шамсиддини Шоҳин: муттаҳам боздошт шуд
17:00 12.10.2021 (Навсозишуда: 19:50 12.10.2021) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, муттаҳам дар аспдуздиҳои моҳи сентябр дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин боздошт шудааст
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. ВУД мегӯяд, бо иттиҳоми аспдуздиҳои моҳи сентябри соли равон марди 36-сола, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин боздошт гардидааст.
Манбаъ зикр намуд, ки ба идораи милиса марди 50-сола, сокини деҳаи Чордараи ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин муроҷиат карда, арз доштааст, ки шаби 13 ба 14-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 24:00 шахсони номаълум аз чарогоҳи заминҳои деҳа асп ва тойчаашро дуздидаанд.
Ҷабрдида зарари расонидашударо 10 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Инчунин боздоштшуда дар он айбдор мешавад, ки шаби 6 ба 7-уми сентябри соли 2021 аз чарогоҳи заминҳои ҷамоати деҳоти Доғистон, як сар асп ва тойчаи сокини дигари маҳаллиро дуздидааст. Зарари расида аз ҳолати дуюми дуздӣ 16 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан марди муттаҳам, ки қаблан низ барои дуздӣ маҳкум шудааст, боздошт гардида, тафтиши ин ҳодисаҳо идома дорад.