Матвиенко ба ҳимояти занони Афғонистон даъват мекунад

© Пресс-служба Совета Федерации РФ / Гузариш ба медиабонкПредседатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Обуна шудан
Валентина Матвиенко гуфт, ки дар муколама бо "Толибон"* пеш аз ҳама вазъи занони Афғонистонро ба назар гирифтан лозим аст
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко бар ин назар аст, ки ҷаҳон бояд аз ҳуқуқи занони Афғонистон дифоъ кунад.
Сиёсатмадор дар ин бора дар шабакаи телевизионии "Россия-24" суҳбат кард. Матвиенко бар ин бовар аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо назардошти вазъи занони Афғонистон имкони ҳамкорӣ бо намояндагони "Толибон"*-ро баррасӣ хоҳад кард.
"Ҳама, дар навбати аввал занон аз рушди минбаъдаи вазъ дар Афғонистон нигаронанд. Мо барои нигаронӣ асос дорем", - гуфт раиси Шӯрои Федератсия.
Ёдовар мешавем, ки пас аз ба сари қудрат омадани "Толибон"* дар зиндагии занони оддии афғон дигаргуниҳои бузург ба амал омад: онҳо дубора либосҳои сиёҳро ба бар карданду рӯйҳояшонро пӯшонданд.
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Қонунҳои ваҳшиёна": пуштибонии Матвиенко аз занони афғон
Бисёр занони афғон маҷбур шуданд, ки бинобар қоидаҳои "Толибон"* корашонро тарк кунанд. Масалан, ҳузури занон дар муассисаҳои давлатӣ ва донишгоҳҳо тавсия дода намешавад.
"Толибон"* нақшаҳои бузургашонро ошкор карданд
Бисёр шахсиятҳои машҳур ва занони сиёсатмадор пас аз ба сари қудрат омадани радикалҳо саросемавор Афғонистонро тарк карданд.
* - гурӯҳи "Толибон" созмони террористӣ эътироф шудааст. Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон ва Русия мамнуъ аст.
Лентаи хабарҳо
0