Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса рафт

© AFP 2023 / DOMINIQUE FAGETПрезидент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Обуна шудан
Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар қораи Аврупо идома дорад
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми боздидаш аз Белгия ва мулоқоташ бо мақомдорони ин кишвар, шоми 12 октябр озими Фаронса шуданд.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ аз Брюссел ба Фаронса рафт.
Дар миёни мақомдороне, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанд, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ зикр гардидаанд.
Встреча со спецпредставителем ЕС по Центральной Азии Тери Хакала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Раҳмон хонум Ҳакаларо бинобар истихдомаш шодбош гуфту ҳамкориро баррасӣ намуд
Сафари Раҳмон ба Фаронса аз 12 то 14 октябр идома хоҳад дошт. Интизор меравад, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтоои фаронсавияш Эммануэл Макрон масоили гуногун, аз ҷумла вазъи Афғонистону амнияти минтақаро баррасӣ намояд.
Зимни ин сафар дар Порис Эмомалӣ Раҳмон дар баробари мулоқотҳои сатҳи баланд, инчунин дар ифтитоҳи намоиши нигораҳои таърихии "Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ" дар осорхонаи ҳунарҳои осиёии "Гиме" ва чорабиние бахшида ба Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар дафтари ЮНЕСКО иштирок хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0