https://sputnik.tj/20211012/avrupo-marz-tojikiston-afghoniston-taqviyat-1042774384.html
Аврупо марзҳои Тоҷикистонро бо Афғонистон тақвият мекунад
Аврупо марзҳои Тоҷикистонро бо Афғонистон тақвият мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо зарурати тақвияти амният дар Афғонистон ва Осиёи Марказиро эълом кард 12.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-12T10:02+0500
2021-10-12T10:02+0500
2021-10-12T11:38+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
афғонистон
иа
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101458/11/1014581158_0:36:1600:936_1920x0_80_0_0_ce2bb918df37ceb06ebf5fd12ea987ed.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷа ва сиёсати амният Ҷозеп Боррелл барои таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат гузориш медиҳад.Иштироккунандагони музокироти Брюссел ба таҳкими амният дар Афғонистон, Тоҷикистон ва дар саросари Осиёи Марказӣ тамаркуз карданд.Боррелл ишора кард, ки ИА ба таҳкими робитаҳои минтақаӣ манфиатдор аст. Рушди ҳамкориҳо ба яке аз мавзуъҳои нишасти қарибулвуқуи вазирони хориҷаи G5 + 1 дар Душанбе табдил хоҳад ёфт. Илова бар ин иштирокчиёни чорабинӣ натиҷаҳои мусбати ҳамкорӣ дар бахши энергетикаро қайд карданд."Барои таҳкими робитаҳо иҷрои созишномаи шарикӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин пайвастани ҷумҳурӣ ба системаи имтиёзҳои гумрукӣ барои содирот ба Аврупо зарур аст", - таъкид шудааст зимни мулоқот. Раҳмон ба Иттиҳоди Аврупо ва аъзои он барои дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии марбути об аз тарафи Тоҷикистон изҳори сипос кард.Дар навбати худ Боррелл нақши муҳими ҷониби Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти об ва рафъи оқибатҳои тағирёбии иқлим муҳим арзёбӣ кард.
https://sputnik.tj/20210930/tojikiston-vaziyat-marz-afghonistonro-1042588650.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101458/11/1014581158_0:0:1248:936_1920x0_80_0_0_4c1aabdcc9216610cdaad6371feddbb7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, афғонистон, иа, марз
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, афғонистон, иа, марз
Аврупо марзҳои Тоҷикистонро бо Афғонистон тақвият мекунад
10:02 12.10.2021 (Навсозишуда: 11:38 12.10.2021) Иттиҳоди Аврупо зарурати тақвияти амният дар Афғонистон ва Осиёи Марказиро эълом кард
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷа ва сиёсати амният Ҷозеп Боррелл барои таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат гузориш медиҳад.
Иштироккунандагони музокироти Брюссел ба таҳкими амният дар Афғонистон, Тоҷикистон ва дар саросари Осиёи Марказӣ тамаркуз карданд.
"Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷозеп Боррел ба талошҳои муштараки босамари ҷонибҳо дар ин самт, бахусус тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон таъкид карданд", - хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Боррелл ишора кард, ки ИА ба таҳкими робитаҳои минтақаӣ манфиатдор аст. Рушди ҳамкориҳо ба яке аз мавзуъҳои нишасти қарибулвуқуи вазирони хориҷаи G5 + 1 дар Душанбе табдил хоҳад ёфт.
Илова бар ин иштирокчиёни чорабинӣ натиҷаҳои мусбати ҳамкорӣ дар бахши энергетикаро қайд карданд.
"Барои таҳкими робитаҳо иҷрои созишномаи шарикӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин пайвастани ҷумҳурӣ ба системаи имтиёзҳои гумрукӣ барои содирот ба Аврупо зарур аст", - таъкид шудааст зимни мулоқот.
Раҳмон ба Иттиҳоди Аврупо ва аъзои он барои дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии марбути об аз тарафи Тоҷикистон изҳори сипос кард.
Дар навбати худ Боррелл нақши муҳими ҷониби Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти об ва рафъи оқибатҳои тағирёбии иқлим муҳим арзёбӣ кард.