https://sputnik.tj/20211012/aholii-tojikiston-ziyod-shud-1042782149.html
Ба пеш, ба сӯйи 10 миллион! Аҳолии Тоҷикистон чӣ қадар зиёд шуд?
Ба пеш, ба сӯйи 10 миллион! Аҳолии Тоҷикистон чӣ қадар зиёд шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Агентии омори Тоҷикистон натиҷаҳои теъдоди аҳолӣ дар кишварро эълон намуд. Тайи 50 соли ахир аҳолии Тоҷикистон беш аз 3 маротиба зиёд шудааст
2021-10-12T14:10+0500
2021-10-12T14:10+0500
2021-10-12T14:39+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
зиёд шуд
агентӣ
аҳолӣ
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102191/66/1021916624_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_5257115c6c2da0212ba0d3dbf770beca.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Агентии омори Тоҷикистон аз 1 то 15 октябри соли 2020 дар саросари Тоҷикистон маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилиро ба анҷом расонд, ки 12 октябр натиҷаҳояш эълон шуданд. Гулнора Ҳасанзода, раиси Агентии омори Тоҷикистон, дар як маҳфили эълони натиҷаҳои ин маърака гуфт, аз рӯи маълумоти натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, шумораи аҳолии Тоҷикистон то як октябри соли 2020 9 миллиону 661 ҳазору 600 нафарро ташкил дод. Бино ба иттилои Агентии омор, то 1 октябри соли 2020 аҳолии шаҳрҳо 2 миллиону 528, 6 ҳазор ё 26,2% ва аҳолии деҳот 7 миллиону 133 ҳазор нафар ё 73,8%-ро ташкил медиҳад. Теъдоди мардҳо ба 4 миллиону 901 (2010 – 3 миллиону 817) ҳазор ва занҳо 4 миллиону 760 (2010 – 3 миллиону 745,5) ҳазор нафар расидааст. Фармони Президенти Тоҷикистон “Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Тоҷикистон” 30 сентябри соли 2020 ба имзо расида буд.Афзоиши ташвишзои аҳолии Тоҷикистон Ин барӯйхатгирӣ бо ҳимояти Сандуқи ҷамъияти СММ (UNFPA), тибқи Барномаи тақвияти омори ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон барои давраи 2020-2023 анҷом шуда, тавассути ҳукумати Русия ба маблағи 2.15 миллион доллар сармоягузорӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20210728/marg-kamu-zoish-ziyod-afzoishi-aholii-tojikiston-1041018307.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102191/66/1021916624_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_4a9fa4278474a9622f7115352bcbc8b2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аҳолии тоҷикистон, омор, зиёд шуд,
аҳолии тоҷикистон, омор, зиёд шуд,
Ба пеш, ба сӯйи 10 миллион! Аҳолии Тоҷикистон чӣ қадар зиёд шуд?
14:10 12.10.2021 (Навсозишуда: 14:39 12.10.2021) Агентии омори Тоҷикистон теъдоди аҳолӣ дар кишварро эълон намуд. Тайи 50 соли ахир аҳолии Тоҷикистон беш аз 3 маротиба зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Агентии омори Тоҷикистон аз 1 то 15 октябри соли 2020 дар саросари Тоҷикистон маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилиро ба анҷом расонд, ки 12 октябр натиҷаҳояш эълон шуданд.
Гулнора Ҳасанзода, раиси Агентии омори Тоҷикистон, дар як маҳфили эълони натиҷаҳои ин маърака гуфт, аз рӯи маълумоти натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, шумораи аҳолии Тоҷикистон то як октябри соли 2020 9 миллиону 661 ҳазору 600 нафарро ташкил дод.
"Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ нисбат ба рӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010 2 миллиону 97, 1 ҳазор нафар ё 27,7% ва нисбат ба маълумотҳои шумораи аҳолӣ ба ҳолати 1 январи соли 2020 бошад, 347,8 ҳазор нафар ё 3,7% зиёд шудааст", - гуфт Гулнора Ҳасанзода.
Бино ба иттилои Агентии омор, то 1 октябри соли 2020 аҳолии шаҳрҳо 2 миллиону 528, 6 ҳазор ё 26,2% ва аҳолии деҳот 7 миллиону 133 ҳазор нафар ё 73,8%-ро ташкил медиҳад.
Теъдоди мардҳо ба 4 миллиону 901 (2010 – 3 миллиону 817) ҳазор ва занҳо 4 миллиону 760 (2010 – 3 миллиону 745,5) ҳазор нафар расидааст.
Фармони Президенти Тоҷикистон “Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Тоҷикистон” 30 сентябри соли 2020 ба имзо расида буд.
Ин барӯйхатгирӣ бо ҳимояти Сандуқи ҷамъияти СММ (UNFPA), тибқи Барномаи тақвияти омори ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон барои давраи 2020-2023 анҷом шуда, тавассути ҳукумати Русия ба маблағи 2.15 миллион доллар сармоягузорӣ мешавад.