https://sputnik.tj/20211011/rusiya-muhojiron-imtihon-nav-rohandozi-1042770128.html
Русия барои муҳоҷирон имтиҳони нав роҳандозӣ мекунад
Русия барои муҳоҷирон имтиҳони нав роҳандозӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия барои табибони муҳоҷир, ки маълумоти тиббӣ дар берун аз қаламрави ин кишвар гирифтаанд, имтиҳони нав таҳия шудааст
2021-10-11T19:50+0500
2021-10-11T19:50+0500
2021-10-21T18:58+0500
муҳоҷират
тандурустӣ
имтиҳон
санҷиш
духтурон
дар русия
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0b/1042768090_0:0:2944:1657_1920x0_80_0_0_a1f1979c7966ad2480906f41b99bf698.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Вазорати тандурустии Русия низоми имтиҳони ҷадидро барои табибоне, ки дар хориҷ таҳсил кардаанду хоҳиши кор дар кишварро доранд, таҳия намудаст, хабар дод "Коммерсантъ".Хадамоти федералии назорат дар соҳаи тандурустӣ санади наверо омода кардааст, ки тартиби имтиҳонсупории табибони муҳоҷирро муайян менамояд. Феълан ин ҳуҷҷат барои сабти расмӣ ба Вазорати адлияи Русия ирсол шуда, баъди сабт барои баррасии оммавӣ дастрас хоҳад буд. Бар асоси тартиботи ҷадид, табибони хориҷӣ дар муассисаҳои тандурустии Русия танҳо дар ҳолатҳое метавонанд кор кунанд, ки санади тасдиқкунандаи тахассусро дошта бошанд. Инчунин онҳо имтиҳони махсусро тибқи тартиби муқарраркардаи "Росздравнадзор" бояд супоранд. Масъалаи табибони хориҷӣ дар Русия баъди тасмими Вазорати меҳнати кишвар барои васеъ кардани феҳрасти мутахассисони хориҷие, ки бояд ба кишвар ҷалб гарданд, матраҳ шудааст. Ба ин феҳраст 33 ихтисос илова шуд, ки дар ин миён 6 ададашон тиббӣ мебошанд. Аз ҷумла ҷарроҳи атфол, табиби бемориҳои сироятӣ, қалб, ревматолог ва ҳамшираи шафқат ба ин феҳраст шомил шудаанд.
https://sputnik.tj/20211008/rusiya-vurud-muhojiron-oson-1042724365.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0b/1042768090_141:0:2872:2048_1920x0_80_0_0_b4724a951e2a52fbe229578f54caa1b9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, табиб, муҳоҷир, маълумот, тиббӣ, имтиҳон
русия, табиб, муҳоҷир, маълумот, тиббӣ, имтиҳон
Русия барои муҳоҷирон имтиҳони нав роҳандозӣ мекунад
19:50 11.10.2021 (Навсозишуда: 18:58 21.10.2021) Дар Русия барои табибони муҳоҷир, ки маълумоти тиббӣ дар берун аз қаламрави ин кишвар гирифтаанд, имтиҳони нав таҳия шудааст
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Вазорати тандурустии Русия низоми имтиҳони ҷадидро барои табибоне, ки дар хориҷ таҳсил кардаанду хоҳиши кор дар кишварро доранд, таҳия намудаст, хабар дод "Коммерсантъ".
Хадамоти федералии назорат дар соҳаи тандурустӣ санади наверо омода кардааст, ки тартиби имтиҳонсупории табибони муҳоҷирро муайян менамояд. Феълан ин ҳуҷҷат барои сабти расмӣ ба Вазорати адлияи Русия ирсол шуда, баъди сабт барои баррасии оммавӣ дастрас хоҳад буд.
Бар асоси тартиботи ҷадид, табибони хориҷӣ дар муассисаҳои тандурустии Русия танҳо дар ҳолатҳое метавонанд кор кунанд, ки санади тасдиқкунандаи тахассусро дошта бошанд. Инчунин онҳо имтиҳони махсусро тибқи тартиби муқарраркардаи "Росздравнадзор" бояд супоранд.
Масъалаи табибони хориҷӣ дар Русия баъди тасмими Вазорати меҳнати кишвар барои васеъ кардани феҳрасти мутахассисони хориҷие, ки бояд ба кишвар ҷалб гарданд, матраҳ шудааст.
Ба ин феҳраст 33 ихтисос илова шуд, ки дар ин миён 6 ададашон тиббӣ мебошанд. Аз ҷумла ҷарроҳи атфол, табиби бемориҳои сироятӣ, қалб, ревматолог ва ҳамшираи шафқат ба ин феҳраст шомил шудаанд.