Раҳмону Мишел дар Брюссел муносиботи Тоҷикистон бо ИА-ро баррасӣ карданд

© Дафтари матбуоти презтиденти ҶТВстреча Эмомали Рахмона с Президентом Европейского Совета Шарлем Мишелем
Встреча Эмомали Рахмона с Президентом Европейского Совета Шарлем Мишелем - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Обуна шудан
Масоили саноату энергетика, сиёсату иқтисод ва Афғонистон аз мавзуоти меҳварии мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Шарл Мишел будааст
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия бо президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот кард.
Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимӣ изҳори сипос карда, бо итминон изҳор дошт, ки натиҷаҳои музокирот барои тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо такони ҷиддӣ мебахшад, хабар додааст дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, зерсохтор, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ баррасӣ карда, дар бораи баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи он табодули андеша намудаанд.
Завершение рабочего визита в Согдийскую область президента Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2021
Раҳмон ба Белгия сафар кард
Омода намудан ва ба имзо расонидани Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо ба нафъи ҳар ду ҷониб хоҳад буд ва тадбиқи ҳадафмандонаи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва нақши Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2021-2027 ҷиҳати амалисозии ниятҳои ҳамгироӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.
Ҷонибҳо инчунин дар мулоқот тавсеаи муносибатҳоро дар бахшҳои ояндадори энергетика, захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он, робитаҳо дар бахши маориф ва ҳамкории дуҷонибаро дар бахши амният мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин зимн ҷонибҳо ҳангоми мулоқот ба масоили доғи минтақа, ки Афғонистон дар меҳвари он қарор дошт, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Дар поёни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишелро ба Тоҷикистон даъват кардааст.
Лентаи хабарҳо
0