https://sputnik.tj/20211011/maktabe-tursunzoda-shahid-nizo-marzi-1042759238.html
Мактабе дар Турсунзода номи шаҳиди низои марзӣ Некрӯз Ғафурзодаро гирифт
Мактабе дар Турсунзода номи шаҳиди низои марзӣ Некрӯз Ғафурзодаро гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Турсунзода мактаберо ба хотираи афсари фавтида дар муноқишаҳои марзӣ номгузорӣ карданд
2021-10-11T12:21+0500
2021-10-11T12:21+0500
2021-10-11T14:01+0500
турсунзода
мактаб
марз
муноқишаи марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0b/1042759433_0:135:1440:945_1920x0_80_0_0_3c023fe278cb5c83f2b5b1ab8136a7ef.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт - Sputnik. Дар ноҳияи Турсунзода мактаберо ба хотири афсари кушташуда дар муноқишаҳои марзӣ номгузорӣ карданд.Ҳамакнун мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37-и деҳаи Даҳбеди ҷамоати деҳоти Қаратоғи ноҳия номи Некрӯз Ғафурзодаро гирифт, ки барои ҳифзи марзу буми кишвар ҷони худро фидо кард, хабар медиҳад сухангӯи шаҳрдори Турсунзода Фирӯз Холиқов.Гуфта мешавад, шаҳид Некрӯз Ғафурзода низ дар ҳамин мактаб таълим гирифтаву ба камол расидааст. Ӯ 28 сол дошт ва соҳиби ду писар буд.Некрӯз Ғафурзода, капитани Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон буд, ки 29 апрели соли ҷорӣ зимни муноқишаҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон шаҳид шуд.Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз ин иқдом поси хотири фарзанди шуҷои кишвар гуфта мешавад, ки дар сарҳади давлатӣ корномаи беназир нишон доду ҷон дод.Манбаъ гуфт, маросими номгузории таълимгоҳ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва як қатор меҳмонон дар сатҳи баланд доир гардид.Ёдовар мешавем, қаблан низ дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд кӯчае ба хотири гиромидошти қурбонии муноқишаҳои марзӣ Ҷасур Суярқулов гузошта шуд.Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилоияи ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҳар ду тараф 55 нафар қурбон шуда, даҳҳо нафари дигар захм бардошт.Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Суғд гуфтанд, ки дар ин ҳодиса 19 нафар ҳалок шуда, 87 нафари дигар захм бардоштанд. Ҷонибҳо дар сар задани даргирӣ ҳамдигарро айбдор мекарданд.Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 520 километр аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян боқӣ мондааст.
https://sputnik.tj/20210917/kucha-sughd-praporshik-halokshuda-marz-qirghiziston-1042340452.html
https://sputnik.tj/20210430/nom-aks-tojikiston-halokshuda-qurboniyon-dargiri-marz-video-1039194056.html
турсунзода
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0b/1042759433_0:0:1440:1080_1920x0_80_0_0_1090c9a9c88ce664bfa15d756c520b16.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мактаб турсунзода ном шаҳид низоъ марз некрӯз ғафурзод
мактаб турсунзода ном шаҳид низоъ марз некрӯз ғафурзод
Мактабе дар Турсунзода номи шаҳиди низои марзӣ Некрӯз Ғафурзодаро гирифт
12:21 11.10.2021 (Навсозишуда: 14:01 11.10.2021) Дар ноҳияи Турсунзода мактаберо ба хотири афсари кушташуда дар муноқишаҳои марзӣ номгузорӣ карданд
ДУШАНБЕ, 11 окт - Sputnik. Дар ноҳияи Турсунзода мактаберо ба хотири афсари кушташуда дар муноқишаҳои марзӣ номгузорӣ карданд.
Ҳамакнун мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 37-и деҳаи Даҳбеди ҷамоати деҳоти Қаратоғи ноҳия номи Некрӯз Ғафурзодаро гирифт, ки барои ҳифзи марзу буми кишвар ҷони худро фидо кард, хабар медиҳад сухангӯи шаҳрдори Турсунзода Фирӯз Холиқов.
Гуфта мешавад, шаҳид Некрӯз Ғафурзода низ дар ҳамин мактаб таълим гирифтаву ба камол расидааст. Ӯ 28 сол дошт ва соҳиби ду писар буд.
Некрӯз Ғафурзода, капитани Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон буд, ки 29 апрели соли ҷорӣ зимни муноқишаҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон шаҳид шуд.
Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз ин иқдом поси хотири фарзанди шуҷои кишвар гуфта мешавад, ки дар сарҳади давлатӣ корномаи беназир нишон доду ҷон дод.
"Ин чорабинӣ пур аз ашк буд, вале ибратомӯз... Талх буд, вале инъикоскунандаи рӯҳи шикастнопазиру ватандӯстонаи ҷавонмардони тоҷик...", - навиштааст Фирӯз Холиқов.
Манбаъ гуфт, маросими номгузории таълимгоҳ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва як қатор меҳмонон дар сатҳи баланд доир гардид.
Ёдовар мешавем, қаблан низ дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд кӯчае ба хотири гиромидошти қурбонии муноқишаҳои марзӣ Ҷасур Суярқулов гузошта шуд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилоияи ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҳар ду тараф 55 нафар қурбон шуда, даҳҳо нафари дигар захм бардошт.
Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Суғд гуфтанд, ки дар ин ҳодиса 19 нафар ҳалок шуда, 87 нафари дигар захм бардоштанд. Ҷонибҳо дар сар задани даргирӣ ҳамдигарро айбдор мекарданд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 520 километр аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян боқӣ мондааст.